Айман Ал-Ҳаким: «Аз Тоҷикистон барои розӣ шуданашон ба бозии дӯстона бо мо, сипосгузорем» – Федерация Футбола Таджикистана

Айман Ал-Ҳаким: «Аз Тоҷикистон барои розӣ шуданашон ба бозии дӯстона бо мо, сипосгузорем»

Сармураббии мунтахаби миллии Сурия Айман Ал-Ҳаким дар нишасти хабарии пеш аз бозии дӯстона бо мунтахаби миллии Тоҷикистон, ки дар маҷлисгоҳи Маркази омӯзишии Бонки миллии Тоҷикистон дар Гулистони Суғд доир шуд, иброз намуд, ки аз Тоҷикистон барои розӣ шуданашон ба баргузории ин бозии дӯстона сипосгузор аст. Ин аввалин бозие мешавад, ки Айман Ал-Ҳаким дар вазифаи сармураббӣ тими миллии Сурияро роҳбарӣ мекунад.

 

Айман Ал-Ҳаким, сармураббии мунтахаби миллии Сурия:

«Пеш аз ҳама, мехоҳам ба ҷониби қабулкунанда барои истиқболи гарму самимияшон сипосгузорӣ баён кунам. Ташаккур ба Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки дар арафаи баргузории бозии марҳилаи сеюми ҷамъбастии Ҷоми ҷаҳон-2018 барои гузаронидани бозии дӯстона бо мунтахаби Сурия розӣ шуданд.  Вохӯрӣ бо мунтахаби Тоҷикистон ба фоидаи тими миллии мо мешавад. Бозии пагоҳ барои ман бозии аввалин  дар вазифаи сармураббии тими миллии Сурия хоҳад шуд. Ҳамчун, сармураббӣ бозӣ муқобили Тоҷикистон барои манн як давраи омодагӣ ба бозии расмӣ муқобили мунтахаби миллии Узбекистон ба ҳисоб меравад. Пеш аз ба Хуҷанд омадан, мо қариб, ки як моҳ дар Сурия омодагӣ дидем. Мутаассифона, ба мо имконияти дар хориҷа гузаронидани ҷамъомадҳои омӯзишӣ-машқӣ пайдо нашуд. Бо вуҷуди оне, ки мақсади дар русия гузарронидани   ҷамъомади омӯзишӣ-машқиро доштем. Агар мо медонистем, ки дар кишвари Шумо чунин имкониятҳои хуб ҳастанд, барвақтттар ба ин ҷо меомадем. Бо баъзе сабабҳо чанд бозигари легионери мо дар бозии пагоҳ иштирок карда наметавонанд. Мо ба Хуҷанд ҳафт бозигари легионерамонро овардем. Аз мунтахаби худ ман пагоҳ бозии хубро интизор ҳастам»-гуфт, сармураббӣ Айман Ал-Ҳаким.

 

Муҳаммад Ал-Маданӣ, бозигари мунтахаби Сурия:

«Бори дуюм мешавад, ки ман бо мунтахаби Сурия ба Тоҷикистон меоям. Дар бозии гузашта, ки соли гузашта дар Душанбе баргузор шуд, мо бо ҳисоби 3 бар 2 ғолиб шудем. Ба ман душвор аст, ки натиҷаи бозии пагоҳро пешгӯӣ кунам, бозӣ нишон медиҳад. Мунтахаби Тоҷикистон дар майдони худаш бозӣ мекунад. Дастаи рақиб бисёр пурқувват аст. Пагоҳ кӯшиш мекунем, ки бозии хуб нишон диҳем»-гуфт,  Муҳаммад Ал-Маданӣ.

Добавить комментарий