Ҳайати васеи мунтахаби Қирғизитон барои бозӣ бо Тоҷикистон эълон шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Ҳайати васеи мунтахаби Қирғизитон барои бозӣ бо Тоҷикистон эълон шуд

Сармураббии мунтахаби миллии Қирғизистон Александр Крестинин ҳайати васеии дастаашро ба бозиҳои даври навбатии марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 бо мунтахабҳои Тоҷикистон (8 октябр) ва Бангладеш (13 октябр) эълон кард.

Ба иттилои торнамои расмии Федератсияи футболи Қирғизистон ба рӯйхати васеи Крестинин 33 бозигар шомил шудаанд, ки 9 нафарашон легионер мебошанд. Дар бозӣ бо мунтахаби Тоҷикистон муҳофизатгари мунтахаби Қирғизистон ва бошгоҳи футболи “Тюмен”-и лигаи якуми Русия Валерий Кечинов бо сабаби ду корти зард доштан бозӣ намекунад.

Ёдовар мешавем, ки бозии даври панҷуми марҳилаи интихобии ҶҶ-2018 байни мунтахабҳои миллии Қирғизистону Тоҷикистон, ки рӯзи 8 октябр дар варзишгоҳи ба номи Долен Омурзакови шаҳри Бишкек доир хоҳад шуд, бригадаи доварони эронӣ бо сардории рефери 35-солаи ФИФА Муд Боянидифар ҳакамӣ мекунад. Боянидифар сар аз соли 2013 рефери ФИФА аст. Ӯро дар канори майдон ҳамватанонаш, ёварони рефери ФИФА Ризо Сохандани 41-сола ва Муҳаммадризо Мансурии 37-сола кӯмак мерасонанд. Вазифаи довари эҳтиётиро дар ин бозӣ, рефери 35-солаи ФИФА Бежани Ҳайдарӣ ба зимма дорад. Доварони вохӯриро Валтер Эдвард Перейра аз Ҳиндустон назорат мекунад. Комиссари бозӣ Сивакумар аз давлати Сингапур таъин шудааст. Сивакумар дар бозии якуми марҳилаи чорякфиналии Ҷоми АФК байни “Истиқлол” ва “Паҳанг” (4:0) ба ҳайси комиссар ба Душанбе омада буд.  

Ҳайати васеи мунтахаби Қирғизистон:

Дарвозабонҳо: Павел Матяш («Мазия», Молдив), Валерий Кашуба («Хуҷанд», Тоҷикистон), Максим Агапов, Максим Зинченко (ҳар ду аз «Дордой», Қирғизистон), Руслан Амиров («Олға», Қирғизистон);

Муҳофизон: Талант Самсалиев, Дэниел Тэго, Марат Аджиниязов, Шерзот Шакиров, Курсан Шератов, Азамат Байматов (ҳама аз «Дордой», Қирғизистон), Иляз Алимов («Олой», Қирғизистон), Валерий Кичин («Тюмен», Русия), Тамирлан Козубаев («Гранитас», Литва), Виктор Майер («Меппен», Олмон), Акрам Умаров («Абдиш-Ата», Қирғизистон), Мустафа Юсупов («Ала-Тоо», Қирғизистон);

Ниммуҳофизон: Эдгар Бернхард («Прачуап», Таиланд), Антон Землянухин («Раднички», Сербия), Бахтияр Дуйшобеков, Фархат Мусабеков (ҳар ду аз «Абдиш-Ата», Қирғизистон), Илдар Амиров, Турсунали Рустамов, Павел Сидоренко (ҳама аз  «Олға», Қирғизистон), Азиз Сидиқов, Жиргалбек уулу Кайрат, Вадим Харченко, Ислам Шамшиев (ҳама аз «Дордой», Қирғизистон);

Ҳамлагарон: Виталий Люкс («Нюрнберг-2», Олмон), Алмаз Мирзалиев, Дэвид Тетте (ҳар ду аз «Дордой», Қирғизистон), Мирлан Мурзаев («Афжет Афонспор», Туркия), Иван Филатов («Олға», Қирғизистон).

Добавить комментарий