Ҳайати мураббиёни мунтахаби миллии Тоҷикистон барканор шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Ҳайати мураббиёни мунтахаби миллии Тоҷикистон барканор шуд

Раҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон тамоми ҳайати мураббиёни мунтахаби  миллии кишварро аз мақомашон барканор кард.

Вобаста ба баромади ғайриқаноатбахши мунтахаби миллии Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии ҶҶ-2018 Мубин Эргашев, иҷрокунандаи вазифаи  сармураббии тими миллӣ ва ёрдамчиҳояш аз вазифа барканор шуданд. Мунтахаби миллии Тоҷикистонро дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 ҳайти мураббиёни нав омода месозанд. Ҳайати мураббиёнро сармураббии мунтахаби кишвар, ки ба наздикӣ, исмаш эълон мешавад, интихоб мекунад.

Дар рақобатҳои даври интихобии мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонии футбол-2018 мунтахаби миллии Тоҷикистон дар гурӯҳи “В” бо мунтахабҳои миллии Австралияву Бангладеш ва Урдуну Қирғизистон бозӣ кард. Дар пайи натоиҷи ҳамаи бозиҳо мунтахаби Тоҷикистон бо панҷ имтиёз дар мақоми чорум қарор гирифт. Тимҳои миллии Австралия (21 имтиёз), Урдун (16) ва Қирғизистон (11) мутаносибан дар ҷойҳои як то се нишастанд. Тоҷикистон бо 5 имтиёз дар мақоми чорум ва Бангладеш ҳамагӣ бо як имтиёз дар зинаи охирини гурӯҳи “В” қарор гирифтанд.

Добавить комментарий