Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар бозӣ муқобили Бангладеш эълон шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар бозӣ муқобили Бангладеш эълон шуд

Ситоди мураббиёни мунтахаби миллии Тоҷикистон таҳти сарварии Мубин Эргашев ҳайати дастаро дар бозии марҳилаи интихобии ҶҶ-2018 муқобили мунтахаби Бангладеш эълон кард.

Мубин Асрорович ба рӯйхат 23 нафар бозигаронро шомил кардаст, ки аз онҳо 3 нафарашон дарвозабон, 8 нафарашон муҳофизатгар, 8 нафарашон ниммуҳофизатгар ва 4 нафарашон ҳамлагар мебошанд. Легионерҳои тоҷик – муҳофизон Давронҷон Эргашев («Жетису», Қазоқистон) ва Фарҳод Восиев («Газовик», Русия) бо сабаби ду корти зард доштан, дар бозӣ муқобили мунтахаби Бангладеш иштирок намекунанд. Мубин Эргашев ду нафар бозигарони мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Табрези Давлатмир ва Алишер Сафаровро низ барои омодагӣ ба бозӣ бо Бангладеш даъват кардаст.

Омодагиро ба бозӣ муқобили мунтахаби миллии Бангладеш дружинаи Мубин Эргашев рӯзи шанбеи 7 ноябр оғоз мекунад.

Ҳаминро бояд қайд кард, ки бозӣ бо Бангладеш дар доираи даври ҳафтуми бозиҳои марҳилаи дуюми интихоби ҶҶ-2018 рӯзи 12 ноябр, соати 17.00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир мегардад.

Ёдрас мешавем, ки баъди шаш давр дар гурӯҳи «В» мунтахаби Урдун бо 13 имтиёз пешсаф мебошад. Мунтахаби Австралия бо 9 имтиёз дар мақоми дуюм қарор дорад. Қирғизистон бо 8 имтиёз зинаи сеюми ҷадвали гурӯҳро ишғол мекунад. Тоҷикистон айни ҳол бо ду имтиёз мақоми чорум ва Бангладеш, ки ҳамагӣ як имтиёз дорад, зинаи аз ҳама охири ҷадвали гурӯҳи «В»-ро ишғол мекунанд.

 

Ҳайати мунтахаби миллии Тоҷикистон дар бозӣ муқобили Бангладеш:

Дарвозабонҳо: Алишер Додов («Регар-ТадАЗ»), Алишер Тӯйчиев, Қурбоналӣ Бобоев (ҳар ду аз «Истиқлол»);

Муҳофизон: Далерҷон  Тухтасунов («Регар-ТадАЗ»), Сиёвуш Асроров, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Аҳтам Назаров (ҳамма аз «Истиқлол»), Табрези Давлатмир, Алишер Сафаров (ҳар ду аз «Вахш»), Ҳасан Рустамов, Соҳиб Ҳакимов (ҳар ду аз «Хуҷанд»);

Ниммуҳофизон: Ҷаҳонгир Алиев («Хуҷанд»), Нозим Бобоҷонов, Фаридун Шарипов (ҳар ду аз «Регар-ТадАЗ»), Нуриддин Давронов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Хуршед Маҳмудов, Парвизҷон Умарбоев, Умедҷон Шарипов (ҳамма аз «Истиқлол»);

Ҳамлагарон: Манучеҳр Ҷалилов, Дилшод Восиев (ҳар ду аз «Истиқлол»), Комил Саидов («Регар-ТадАЗ»), Аҳтам Ҳамроқулов («Хуҷанд»).

 

ҶҶ-2018. Марҳилаи дуюми интихобӣ.

Гурӯҳи «В»

Даври 7-ум

12 ноябр (панҷшанбе)

ТОҶИКИСТОН — Бангладеш

Австралия — Қирғизистон

  Б Ғ М Б Т И
1 Урдун 5 4 1 0 12-1 13
2 Австралия 4 3 0 1 10-3 9
3 Қирғизистон 5 2 2 1 8-5 8
4 ТОҶИКИСТОН 5 0 2 3 4-12 2
5 Бангладеш 5 0 1 4 2-15 1

Даври 8-ум

17 ноябр (сешанбе)

Бангладеш — Австралия

Қирғизистон — Урдун

Даври 9-ум

24 март (панҷшанбе)

Австралия – ТОҶИКИСТОН

Урдун — Бангладеш

Даври 10-ум

29 март (сешанбе)

ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон

Австралия — Урдун

Добавить комментарий