Ҳайати мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Ҷоми президенти Қазоқистон эълон шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Ҳайати мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Ҷоми президенти Қазоқистон эълон шуд

Сармураббии дастаи мунтахаби наврасони то сини 16-солаи Тоҷикистон Зайниддин Раҳимов ҳайати дастаро барои иштирок дар мусобиқаи байналмилал барои дарёфти Ҷоми президенти Қазоқистон номбар кард.

Ба рӯйхати комили сармураббӣ барои иштирок дар ин мусобиқа, ки аз 8 то 13 август дар Шимкенти Қазоқистон доир мешавад, 18 бозигар – 2 дарвозабон, 6 муҳофизатгар, 6 нимммуҳофизатгар ва 4 ҳамлагар шомил гардонида шуд. Пеш аз сафар ба Шимкенти Қазоқистон дружинаи Зайниддин Раҳимов дар Гулистони Суғд ҷамъомади омӯзишиву машқӣ мегузаронад. Дар рафти барномаи омодагиҳо ба ин мусобиқа мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо клуби лигаи олии кишвар «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров бозии дӯстона гузаронд. Бозӣ бо ҳисоби 2 бар 0 ба фоидаи футболбозони навраси Тоҷикистон анҷом ёфт. Голҳоро Ваҳдат Ҳанонов («Барқчӣ») ва легионери ягонаи даста, ниммуҳофиз Хуршед Абдуллоев аз «Динамо»-и Мински Белорус ба ҳадаф расонданд.

Ҷамъомади омӯзишиву машқии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон рӯзи шанбеи 6-уми август ҷамъбаст мешавад ва даста рӯзи якшанбеи 7-уми август ҷиҳати иштирок дар аз рӯи ҳисоб нуҳумин мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми президенти Қазоқистон, ба Шимкент сафар мекунад. Дар Ҷоми президенти Қазоқистон командаи Зайниддин Раҳимов дар гурӯҳи «В» бо дастаҳои мунтахаби ҳамсоли худ аз Русия (8 август), Озарбойҷон (9 август) ва Эрон (1 август) бозӣ мекунад. Дар гурӯҳи «А»-и мусобиқа дастаҳои мунтахаби наврасони Албания, Қазоқистон, Қирғизистон ва дастаи футболи «Крузейро»-и Қазоқистон баромад хоҳанд кард.

Мувофиқи низомномаи баргузории мусобиқа дастаҳои ғолиби гурӯҳҳо дар бозии финалӣ, дастаҳои ҷои дуюми гурӯҳҳо барои мақоми сеюм, дастаҳои ҷои сеюми гурӯҳҳо барои мақоми панҷум ва дастаҳои зинаҳои охирони гурӯҳҳо барои мақоми таскинбахши ҳафтум рақобат мекунанд.

Ёдрас мешавем, ки ҷоизапулии Ҷоми президенти Қазоқистон 15 ҳазор доллари ИМАро ташкил медиҳад. Ғолиб бо Ҷоми ғолибият ва маблағ дар ҳаҷми 7 ҳазор доллари ИМА, дастаи финалист бо 5 ҳазор ва дастаи ҷои сеюм бо 3 ҳазор доллари ИМА мукофотонида мешаванд.

 

Ҳайати мунтахаби наврасони Тоҷикистон барои иштирок дар Ҷоми президенти Қазоқистон:

Дарвозабонҳо: Далер Азизов («Регар-ТадАЗ»), Рустамҷон Давлатов («Помир»);

Муҳофизон: Ҳувайдо Малиев («Барқчӣ»), Амир Иброҳимов («Хуҷанд»), Султоншо Мирзоев, Маҳмадзарифи Абдураҳим, Исломиддин Ғоибов, Манучеҳр Сафаров (ҳама аз «Помир»);

Ниммуҳофизон: Хуршед Абдуллоев («Динамо», Минск), Саидмухтор Азимов, Шервони Мабатшоев, Шаҳзод Давлатов (ҳама аз «Помир»), Ваҳдат Ҳанонов, Фаридун Неъматов (ҳарду аз «Барқчӣ»);

Ҳамлагарон: Далер Ёдгоров («Барқчӣ»), Аваз Қамчинов («Равшан»), Тоҳир Малодӯстов, Шаҳром Самиев (ҳама аз «Помир»).

Ҳайати роҳбарикунанда: Муҳаммад Шодизода – менҷер, Зайниддин Раҳимов – сармураббӣ, Сафаралӣ Раҳмонов – мураббии калон, Баҳодур Носиров – духтур.

 

Тақвими бозиҳои Ҷоми президенти Қазоқистон

Даври 1-ум

8 август (душанбе)

9:00 – Эрон – Озарбойҷон

9:00 – Албания – «Крузейро» (Қазоқистон)

16:00 – Маросими ифтитоҳи мусобиқа

16:30 – Русия-2 – ТОҶИКИСТОН

16:30 – Қазоқистон – Қирғизистон

 

Даври 2-юм

9 август (сешанбе)

9:00 – ТОҶИКИСТОН – Озарбойҷон

9:00 – Албания – Қирғизистон

16:30 – Русия-2 – Эрон

16:30 – Қазоқистон – «Крузейро» (Қазоқистон)

 

Даври 3-юм

11 август (панҷшанбе)

9:00 – Русия-2 – Озарбойҷон

9:00 – ТОҶИКИСТОН – Эрон

16:30 – «Крузейро» (Қазоқистон) – Қирғизистон

16:30 – Қазоқистон – Албания

 

12 август (ҷумъа)

9:00 – Боз барои ҷойи 7-ум

9:00 – Бозӣ барои ҷойи 5-ум

 9:00 – Бозӣ барои ҷойи 3-юм

16:30 – Финал

 

Эзоҳ: соати оғози бозиҳо бо вақти Душанбе

Добавить комментарий