Ҳайати мунтахаби футзали ҷавонони Тоҷикистон барои иштирок дар чемпионати Осиё-2017 номбар шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Ҳайати мунтахаби футзали ҷавонони Тоҷикистон барои иштирок дар чемпионати Осиё-2017 номбар шуд

Сармураббии мунтахаби футзали ҷавонони зери 20-солаи Тоҷикистон Пайрав Воҳидов  ҳайати ахирии дастаро барои иштирок дар аввалин чемпионати Осиё оид ба футзал байни ҷавонон номбар кард. Ба рӯйхати ҷамъбастии сармураббӣ 14 бозингар шомил шудаст. Мусобиқаи мазкур аз 16 то 20 май дар Таиланд баргузор хоҳад шуд.

Ба ҳайати даста 2 дарвозабон ва 12 бозингари майдонӣ аз 4 клуби Лигаи касбии футзали мамлакат шомил шуданд. Шумораи бештари бозингаронро дар ҳайат дастаи футзали «ДИСИ Инвест» (Душанбе) муаррифӣ мекунад. Ба рӯйхати сармураббӣ 5 нафар бозингарони ин даста шомил шуданд.

Ҳайати намояндагии мунтахаби футзали ҷавонони Тоҷикистон дар шумораи 20 нафар рӯзи 13 май ба Бангкок сафар мекунад. Дар ин мусобиқа дастаи футзали ҷавонони мо дар гурӯҳи «В» баромад мекунад. Рақибони футзалбозони ҷавони тоҷик дар ин гурӯҳ мунтахабҳои футзали ҷавонони Ветнам, Япония, Тайбэи Чин ва Индонезия ҳастанд. Бозии аввалини худро дар доираи ин мусобиқа командаи Пайрав Воҳидов рӯзи 16 май муқобили мунтахаби футзали ҷавонони Индонезия мегузаронад. Ин бозӣ дар маҷмааи варзишии «Хуа Марк» (Бангкок) доир мегардад. Оғози вохӯрӣ соати 15.00 ба вақти Душанбе.

Аз рӯи ҷамъбасти натиҷаи мусобиқа аз ҳар гурӯҳ ду дастаи пешсаф ба марҳилаи баъдӣ роҳ меёбанд. Дар сурати муваффақ шудан дар бозиҳои гурӯҳӣ мунтахаби ҷавонони мо дар бозиҳои чорякниоӣ бо яке аз дастаҳои гурӯҳи «А» рақобат мекунад. Дар гурӯҳи «А» мунтахабҳои футзали ҷавонони Таиланд, Ироқ, Малайзия, Бруней, Баҳрайн ва Афғонистон баромад хоҳанд кард.

 

Ҳайати мунтахаби футзали ҷавонони зери 20 солаи Тоҷикистон дар чемпионати Осиё -2017:

Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов («ДИСИ Инвест»), Масрур Мамадакимов («Сипар»);

Бозингарони майдон: Сомон Саидзода, Комрон Алиев (ҳарду аз «Сино»), Муҳаммад Раҷабов, Алишер Шарипов, Фирӯз Сангов (ҳама аз «Соро компания»), Собирҷон Гуляков, Шоҳрух Ҳамидов, Умед Кузиев, Шавкат Ҳалимов (ҳама аз «ДИСИ Инвест»), Насим Шарипов, Файзалӣ Сардоров, Иқбол Воситзода (ҳама аз «Сипар»).

Ҳайати роҳбарикунанда: Комрон Шодиев – роҳаьри ҳайати намояндагӣ, Азизҷон Достиев – менеҷер, Пайрав Воҳидов – сармураббӣ, Акбар Абдуллоев – мураббӣ-таҳлилгар, Елчибек Елчибеков – маъмур, Даврон Олимов – духтур.

 

Чемпионати Осиё -2017 оид ба футзал байни ҷавонони зери 20 сола

Гурӯҳи «А»: Таиланд, Ироқ, Малайзия, Бруней, Баҳрайн, Афғонистон.

Гурӯҳӣ «В»: Ветнам, Япония, Тайбэйи Чин, ТОҶИКИСТОН, Индонезия.

Гурӯҳӣ «С»: Узбекистон, Қатар, Лубнон, Мянма, Гонконг.

Гурӯҳӣ «D»: Эрон, Қирғизистон, Чин, Муғулистон, АМА.

 

Тақвими бозиҳдар гурӯҳӣ «В»:

Даври 1-ум

16 май (сешанбе)

13:00 – Тайбэи Чин – Япония

15:00 – Индонезия – ТОҶИКИСТОН

 

Даври 2-юм

17 май (чоршанбе)

13:00 – ТОҶИКИСТОН – Ветнам

15:00 – Индонезия – Тайбэи Чин

 

Даври 3-юм

18 май (панҷшанбе)

13:00 – Ветнам – Индонезия

15:00 – Япония – ТОҶИКИСТОН

 

Даври 4-ум

19 май (ҷумъа)

13:00 – Япония – Индонезия

15:00 – Тайбэи Чин – Ветнам

 

Даври 5-ум

20 май (шанбе)

13:00 – ТОҶИКИСТОН – Тайбэи Чин

15:00 – Ветнам – Япония

Эзоҳ: замони оғози бозиҳба вақти Душанбе.

Добавить комментарий