Ҳайати мунтахаби Австралия барои бозӣ бо Тоҷикистон эълон шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Ҳайати мунтахаби Австралия барои бозӣ бо Тоҷикистон эълон шуд

Ситоди мураббиёни мунтахаби миллии Австрлия номи 23 нафар бозигаронеро, ки дар бозиҳои марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 бо Бангладеш (3 сентябр) ва Тоҷикистон (8 сентябр) иштирок мекунанд, интишор сохт.

Ҳаминро қайд мекунем, ки дар лаҳзаҳои охир дар рӯйхати мунтахаби миллии Австралия 3 тағийрот ба амал омад. Капитани “соккеруз”-ҳо Майкл Единак, ки дар “Кристал Пэлас”-и Англия бозӣ мекунад, лат бардошт ва наметавонад дар ду бозии дарпешистода ба муқобили Бангладеш ва Тоҷикистон дастаашро кӯмак созад. Ҳамлагарон Томи Юрич (“Рода”, Голландия) ва Робби Круз (“Байер-04”, Олмон) низ ҷароҳат доранд. Ба иттилои торнамои расмии Федератсияи футболи Австралия, ба ҷои онҳо сармураббӣ Ангелос Постекоглум ба ҳайати мунтахаби миллӣ ниммуҳофиз Люк Брэттан (“Брисбен Роар”, Австралия) ва ҳамлагарон Кристофер Икономидис (“Латсио”, Италия) ва Бен Халлоранро (“Хайденхайм”, Олмон) даъват кардаст.

Рӯзи панҷшанбеи 3 сентябр мунтахаби миллии Австралия дар доираи даври сеюми марҳилаи дуюми интихобии ҶҶ-2018 бо тими миллии Бангладеш бозӣ мекунад. Ин бозӣ дар шаҳри Перт баргузор мешавад. Баъд аз ду рӯз, 5 сентябр мунтахаби Австралия ҷиҳати иштирок дар бозии даври чоруми марҳилаи дуюми интихобии ҶҶ-2018 бо мунтахаби миллии Тоҷикистон тавассути хатсайри ҳавоии чартерӣ аз Дубай ба Душанбе меояд.

 

Ҳайати мунтахаби миллии Австралия:

Дарвозабонҳо: Мютю Райан («Валенсия», Испания), Алекс Тсисак («Лейтон Ориент», Англия), Адам Федеричи («Борнмут», Англия);

Муҳофизон: Азиз Бехич («Бураспор», Туркия), Джейсон Дэвидсон («Хаддерсфилд Таун», Англия), Тарек Элрих («Аделаида Юнайтед», Австралия), Райан Макгоуэн («Данди Юнайтед», Шотландия), Мэттю Шпиранович («Ханчжоу Гринтаун», Хитой), Алекс Уилкинсон («Чонбук Хёндэ Моторс», Кореяи Ҷанубӣ), Бейли Райт («Престон Норд Энд», Англия);

Ниммуҳофизон: Джексон Ирвайн («Рос Каунти», Шотландия), Массимо Луонго («Куинз Парк Рейнджерс», Англия), Мэтт Маккей («Брисбен Роар», Австралия), Марк Миллиган («Бани Яс», ОАЭ), Аарон Муй («Мелбурн Сити», Австралия), Том Рогич («Селтик», Шотландия), Люк Брэттан («Брисбен Роар», Австралия);

Ҳамлагарон: Натан Бёрнс («Токио», Ҷопон), Тим Кэхилл («Шанхай Шэнхуа», Хитой), Мэттю Леки («Инголштадт», Германия), Кристофер Икономидис («Лацио», Италия), Бен Халлоран («Хайденхайм», Германия), Томми Оур (агенти озод).

Сармураббӣ – Ангелос Постекоглу

Добавить комментарий