Ҳайати «Локомотив» барои омадан ба Душанбе номбар шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Ҳайати «Локомотив» барои омадан ба Душанбе номбар шуд

Якшанбеи оянда, 26-уми июн, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бозии дӯстона байни чемпиони чоркаратаи Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе ва чемпиони дукаратаи Федератсияи Россия «Локомотив»-и Москва баргузор мешавад.

«Локомотив» ба Душанбе ҳайати асосии худро меорад. Сармураббии «Локомотив» ҳамватани мо Игор Черевченко ҳайати дастаашро барои омадан ба Душанбе номбар кард. Роҳиоҳанчиён ба Душанбе бо 21 бозигар – 2 дарвозабон, 6 муҳофизатгар, 9 ниммуҳофизатгар ва 4 ҳамлагар ташриф меоранд.

Қобили қайд аст, ки дар рӯйхати Черевченко номи ду нафар зодагони Тоҷикистон низ қайд шудаст. Инҳо муҳофизатгар Ҷамшед Раҳмонов ва ниммуҳофиз Алан Касаев мебошанд.

Футболбозони россиягӣ Маринато Гилерме, Роман Шишкин, Александр Самедов, словак Ян Дюритса ва хорват Ведран Чорлука наметавонанд дар бозии дӯстона муқобили «Истиқлол» «Локомотив»-ро кӯмак намоянд. Бозигарони мазкур дар ҳайати мунтахабҳои миллии кишварҳои худ дар чемпионати Аврупо-2016, ки имрӯзҳо дар Фаронса мегузарад, иштирок доранд.

Ёдрас мешавем, ки ин бозӣ дар мусоидати бевоситаи сафорати Федератсияи Россия дар Тоҷикистон ба муносибати таҷлили 25-умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти Тоҷикистон ташкилу баргузор гардонида мешавад. Вохӯрӣ рӯзи 26-уми июн, соати 21.00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дар Душанбе доир хоҳад шуд.

Баъд аз анҷоми вохӯрӣ аз рӯи билетҳои даромад, бозии лотореяи варзишӣ доир мегардад. Дар бозӣ чанд адад моделҳои навтарини смартфонҳои «Samsung Galaxy» ва бурди асосӣ –  автомошинаи сабукрави тамғаи «Лада-Приора» бозӣ доронда мешаванд.

 

Ҳайати «Локомотив» дар бозӣ бо «Истиқлол»:

Дарвозабонҳо: Иля Абаев, Антон Коченков;

Муҳофизон: Ренат Янбаев, Тарас Михалик (Украина), Виталий Денисов (Узбекистон), Неманя Пейчинович (Сербия), Арсений Логашов, Ҷамшед Раҳмонов;

Ниммуҳофизон: Александр Коломейтсев, Алексей Миранчук, Иван Лапшов, Дмитрий Тарасов, Дмитрий Баринов, Дмитрий Махатадзе, Иван Галанин, Владислав Игнатев, Алан Касаев;

Ҳамлагарон: Михаил Лисов, Александр Серахов, Петар Шкулетич (Сербия), Эзекиэл Хенти (Нигерия).

Ҳайати роҳбарикунанда: Кирилл Котов – директории варзишӣ, Игор Черевченко – сармураббӣ, Олег Пашинин – мураббии калон, Саркис Оганесян – мураббӣ, Владислав Тихонов – мураббии дарвозабонҳо, Андрей Дмитриев – мураббии омодагии ҷисмонӣ, Дмитрий Крайтор – сардори даста, Андрей Агапов – духтур, Сергей Хайкин – духтур, Сергей Семакин – масҳгар, Андрей Османов – масҳгар, Сергей Гришин – маъмур, Руслан Элдерханов – маъмур, Евгений Кириллов – дафтари матбуот.

Добавить комментарий