Ҳайати кушоди мунтахаби ҷавонони зери 22-солаи Тоҷикистон – Федерация Футбола Таджикистана

Ҳайати кушоди мунтахаби ҷавонони зери 22-солаи Тоҷикистон

Дастаи мунтахаби ҷавонони зери 22-солаи Тоҷикистон омодагияшро ҷиҳати иштирок дар Ҷоми Иттиҳод-2016 рӯзи 19 декабр, яъне шанбеи ҳафтаи оянда, оғоз мекунад.

Ба рӯйхати кушоди ҳайати мунтахаби ҷавонони кишвар 31 нафар бозигарон шомил шуданд, ки аз инҳо 4 нафарашон дарвозабон, 8 нафарашон муҳофизатгарон,  13 нафарашон ниммуҳофизатгар ва 6 нафарашон ҳамлагар мебошанд. Аз ин рӯйхат 23 нафар, ки 3 нафарашон дарвозабон ҳастанд, барои иштирок ба ҷамъомади омӯзишӣ-машқии якуми даста даъват карда мешаванд.

Он гуна, ки ба сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон сармураббии даста Роман Пилипчук хабар дод, пеш аз Ҷоми Иттиҳод-2016 дастаи мунтахаби ҷавонони зери 22-солаи Тоҷикистон ду ҷамъомади омӯзишӣ-машқӣ мегузаронад. Ҷамъомади омӯзишӣ машқии аввал аз 19 то 30 декабр ва ҷамъомади дуюм аз 2 то 14 январ доир хоад шуд.

Ёдовар мешавем, ки Ҷоми Иттиҳод-2016 аз 16 то 24 январ дар Санкт-Петербурги Федератсияи Русия доир мешавад. Дар сабқати навбатии Ҷоми Иттиҳод ҳамагӣ 8 дастаи мунтахаби ҷавонон ширкат мекунад. Қаблан шумораи иштирокчиёни ин мусобиқа 12 даста буд. Дар сабқат бозигарони солҳои таваллудашон 1994 ва аз ин боло ҳуқуқи иштирок карданро доранд. Дар Ҷоми Иттиҳод-2016 дастаҳои мунтахаби ҷавонони Русия, Белорус, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Молдова, Эстония ва Литва иштирок мекунанд.

 

Рӯйхати ҳайати кушоди мунтахаби ҷавонони зери 22солаи Тоҷикистон:

Дарвозабонҳо: Эмомалӣ Сониев («Барқи тоҷик»), Фатҳулло Бобоев («Далерон-Уротеппа»), Шаҳром Исмоилов, Беҳрӯз Хайриев (ҳар ду аз «Вахш»);

Муҳофизон: Ойбек Абдуғаффоров, Бахтиёр Азимов, Алишер Шарипов (ҳар се аз  «Регар-ТадАЗ»), Соҳиб Ҳакимов («Хуҷанд»), Фирдавс Чақалов (КМВА «Помир»), Саидхони Амрохон («Равшан»), Алишер Сафаров, Қувватбек Равшанбеков (ҳар ду аз «Вахш»);

Ниммуҳофизон: Парвизҷон Умарбоев, Ромиш Ҷалилов (ҳар ду аз «Истиқлол»), Фаридун Шарипов, Абдулло Саидов, Фирӯз Қараев, Нозим Бобоҷонов (ҳама аз «Регар-ТадАЗ»), Вайсиддин Сафаров («Барқи тоҷик»), Ҷаҳонгир Алиев («Хуҷанд»), Эҳсони Панҷшанбе («Вахш»), Муҳсин Парпиев, Парвиз Ҳамидов (ҳар ду аз «Хайр»), Сайёди Ковусшо (КМВА «Помир»), Амирбек Ҷӯраев (бе даста);

Ҳамлагарон: Комрон Турсунов («Регар-ТадАЗ»), Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд»), Меҳроҷиддин Музаффаров («Хайр»), Фирӯз Раҳматов («Барқи тоҷик»), Бузургмеҳр Раҳмоналиев (КМВА «Помир»), Абдурасул Раҳмонов («Равшан»).

Добавить комментарий