Ҳайати хизматрасони бозиҳои якуми марҳилаи 1/4 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон таъин шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Ҳайати хизматрасони бозиҳои якуми марҳилаи 1/4 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон таъин шуд

Департаменти баргузории мусобиқаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳайати хизматрасони бозиҳои якуми марҳилаи 1/4 ниҳоии Ҷоми миллиро таъин намуд. Ҳамаи бозиҳо рӯзи шанбеи 20-уми август, соати 17.00 доир хоҳанд шуд.

 

Ҷоми Тоҷикистон. Марҳилаи чорякниҳоӣ. Бозиҳои якум

20 август (шанбе)

Оғози бозиҳо соати 17.00

«Ваҳдат» – «Равшан»

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

Ёварон: Эркин Мадибоев, Рустам Нурматов (ҳарду аз Душанбе).

Довари эҳтиётӣ: Наврузҷон Сулаймон (Варзоб).

Нозири бозӣ: Раҳимҷон Шарипов (Душанбе).

Ваҳдат, варзишгоҳи «Хайр»

 

«Регар-ТадАЗ» – «Хуҷанд»

Сардовар: Умед Раҳимов (Қӯрғонтеппа).

Ёварон: Ҳамза Шоймардонов (Хуросон), Алимирзо Хоҷаев (Қӯрғонтеппа).

Довари эҳтиётӣ: Умед Тағоев (Турсунзода).

Нозири бозӣ: Равшан Ишматов (Қӯрғонтеппа).

Турсунзода, варзишгоҳи «Металлург»

 

«Истиқлол» – «Хайр»

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

Ёварон: Амирҷон Хоркашев, Насим Ҳамидов (ҳарду аз Душанбе).

Довари эҳтиётӣ: Гулмуроди Саъдулло (Душанбе).

Нозири бозӣ: Аюбҷон Солиев (Конибодом).

Душанбе, варзишгоҳи «Авиатор»

 

«Ҳосилот» – «Барқчӣ»

Сардовар: Баҳром Саъдуллоев (Қӯрғонтеппа).

Ёварон: Акмал Буриев, Абдурашид Муродов (ҳарду аз Турсунзода).

Довари эҳтиётӣ: Ғайрат Мирзоалиев (Шаҳринав).

Нозири бозӣ: Султон Қосимов (Душанбе).

Фархор, Варзишгоҳи марказӣ

 

Добавить комментарий