Ҳайати ҷавонони “Истиқлол” дар садри ҷадвали мусобиқа – Федерация Футбола Таджикистана

Ҳайати ҷавонони “Истиқлол” дар садри ҷадвали мусобиқа

Ҳайати ҷавонони “Истиқлол” зери роҳбарии мураббӣ Баҳодур Сӯфиев дар байни ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои лигаи олӣ пешсаф мебошад. Ҷавонони дастаи пойтахт баъди чор давр бо 12 имтёз дар садри ҷадвали мусобиқа қарор доранд.

Дружинаи Сӯфиев дар чор бозӣ ба дарвозаи ҳарифон 25 гол зада, дарвозаи худро дар “қулф” нигоҳ медорад. Дар бозии даври чорум ҷавонони “Истиқлол” ба дарвозаи ҳайати ҷавонони КМВА “Помир” ду голи беҷавоб заданд.

Ҳайати ҷавонони дастаҳои лигаи олии Тоҷикистон. Даври 4-ум

«РАВШАН» «ХУҶАНД» 0:2

Голҳо: Раҳимов, 8 (0:1). Шарипов, 75 (0:2).

 

«ДАЛЕРОН-УРОТЕППА» «ВАХШ» 3:0

Голҳо: Абдураҳмон Қурбонов, 5 (1:0). Насим Расулов, 29 (2:0). Раҳим Сангинов, 72 (3:0).

 

«РЕГАР-ТАДАЗ» «ХАЙР» 1:1

Голҳо: Нумон Зокиров, 29 (1:0). Воҳиб Соҳибназаров, 63 (1:1).

Аз майдон ронда шуданд: Акбар Бобомуродов («Регар-ТадАЗ»), Беҳрӯз Ҳамроев («Хайр»), 89.

 

«БАРҚИ ТОҶИК» «ПАРВОЗ» 2:1

Голҳо: Хурсанов, 3 (1:0). Зокиров, 40 (1:1). Шавкати Ҳотам, 70 (2:1).

 

КМВА «ПОМИР» «ИСТИҚЛОЛ» 0:2

Голҳо: Шарафҷон Солеҳов, 50 (0:1). Амирҷон Сафаров, 54 (0:2).

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 4 4 0 0 25-0 12
2 «Далерон-Уротеппа» (Истаравшан) 3 2 1 0 8-3 7
3 КМВА «Помир» (Душанбе) 4 2 0 2 9-8 6
4 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 4 2 0 2 8-9 6
5 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 4 2 0 2 5-7 6
6 «Хайр» (Ваҳдат) 4 1 3 0 9-8 6
7 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 4 1 2 1 3-4 5
8 «Барқи тоҷик» (Душанбе) 3 1 0 2 3-9 3
9 «Равшан» (Кӯлоб) 4 0 2 2 2-5 2
10 «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 4 0 0 4 5-22 0

Нишонзанҳо: Далер ЁДГОРОВ («Истиқлол») – 9 тӯб, Амирҷон САФАРОВ («Истиқлол»), Рустам ТОЛИБОВ (КМВА«Помир») – 4 тӯбӣ, Шараф СОЛЕҲОВ, Шериддин БОБОЕВ (ҳар ду аз «Истиқлол»), Насим РАСУЛОВ («Далерон-Уротеппа») –  3 тӯбӣ.

Добавить комментарий