Дар доираи барномаҳои рушди лигаҳои футболи АФК рӯзи панҷшанбеи 11-уми август, дар меҳмонхонаи «Хаятт Риҷенси Душанбе» семинарии байналмилалӣ барои кормандони хадамоти бехатарии клубҳои футболи Тоҷикистон доир гардид. Дар семинар инчунин кормандони масъули варзишгоҳҳо низ иштирок карданд.
Семинари мазкур барои бори аввал дар Тоҷикистон баргузор гардид ва дар кори он бештар аз 20 нафар кормандони хадамоти бехатарии клубҳои футболи Тоҷикистон ширкат варзиданд. Семинарро менеҷер оиди бехатарии департаменти баргузории мусобиқаҳои Конфедератсияи футболи Осиё Шоҳин Раҳмонӣ аз Эрон роҳбарӣ кард. Мавзӯи асосии семинар ҳамкории зич байни Федератсия, клубҳо, сохторҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва намояндагони АФК дар бозиҳо қарор дода шуд.
Дар семинар инчунин паҳлуҳои гуногуни фаъолияти хадамоти бехатарӣ ҳангоми баргузории бозиҳо ва таъмину амнияти иштирокчиёни мусобиқаҳо таҳлилу баррасӣ шуданд. Иштирокчиёни семинар ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани бозҳо аз ин семинар барои худ донишҳои нав гирифтанд.