Қабули ҳуҷатҳо барои соҳиб шудан ба муҷаввизи мураббигарии “В”-и КФО оғоз ёфт – Федерация Футбола Таджикистана

Қабули ҳуҷатҳо барои соҳиб шудан ба муҷаввизи мураббигарии “В”-и КФО оғоз ёфт

Шӯъбаи маълумоти мураббигарии департаменти техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон қабули ҳуҷатҳоро барои соҳиб шудан ба мумуҷаввизи (литсензияи) мураббигарии “В”-и Конфедератсияи футболи Осиё эълон мекунад.

Курси мазкур моҳи июли соли ҷорӣ дар Норак доир хоҳад шуд. Дархостҳо то санаи 30-юми апрел қабул карда мешаванд.

Мувофиқи талаботҳои Конфедератсияи футболи Осиё шахсоне, ки хоҳиши соҳиб шудан ба муҷаввизи мураббигарии дараҷаи “В”-ро доранд, бояд ҳатман муҷаввизи дараҷаи “С”-и Конфедератсияи футболи Осиёро дошта бошанд.

Барои иштирок дар курси мураббигарии дараҷаи “В”-и КФО пешниҳод намудани ҳуҷатҳои зерин лозим аст:

1. Нусхаи муҷаввизи мураббигарии дараҷаи “С”-и КФО.

2. Нусхаи шиносномаи хориҷӣ.

3. Як дона расми андозаи 3х4.

Барои маълумоти иловагӣ метавонед бо телефони 918-10-80-22 (Ораз Ализода) дар тамос шавед.

Добавить комментарий