Абӯбакр Азимов ва Орзу Додхудоев муҷозот шуданд – Федерация Футбола Таджикистана

Абӯбакр Азимов ва Орзу Додхудоев муҷозот шуданд

Муҳофизатгари “Вахш”-Қӯрғонтеппа Абӯбакр Азимов ва ниммуҳофизатгари КМВА “Помир”-Душанбе Орзу Додхудоев барои қоидавайронкуниҳояшон дар бозиҳои даври сеюми чемпионати Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи интизоми ФФТ муҷозот шуданд. Мувофиқи қарори Кумитаи интизомӣ ин бозигарон ҳуқуқи иштирок дар ду бозии навбатии чемпионати Тоҷикистонро надоранд.

Рӯзи панҷшанбеи 30 апрел, дар конфронс-толори Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Кумитаи интизомӣ таҳти раёсати Тоҳир Нуров доир шуд, ки дар он қарорҳои зерин қабул шуданд:

– Барои риоя накардани банди 26-и боби 7-и Кодекси интизоми ФФТ, ки қасдан дағалона зада афтонидани бозигари ҳарифро баён мекунад, бозигари дастаи «Вахш» Абӯбакр Азимов дар бозии чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ «Вахш» – «Равшан» (25 апрел), дар ҳаҷми 500 сомонӣ ҷарима баста шуда, аз ҳуқуқи иштирок кардан дар ду бозии навбатӣ маҳрум карда шавад.

– Барои риоя накардани банди 26-и боби 7-и Кодекси интизоми ФФТ, ки қасдан дағалона бозӣ карданро бо мақсади ҷароҳат додани ҳариф баён мекунад, бозигари дастаи  КМВА «Помир» Орзу Додхудоев дар бозии чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ «Хуҷанд» – КМВА «Помир» (25 апрел), дар ҳаҷми 500 сомонӣ ҷарима баста шуда, аз ҳуқуқи иштирок кардан дар ду бозии навбатӣ маҳрум карда шавад.

– Барои риоя накардани банди 20-и боби 7-и Кодекси интизоми ФФТ, ки бо суханони қабеҳ таҳқири ёвари сардовари бозиро баён мекунад, бозигари дастаи «Регар-ТадАз» Шерзод Маҳамадиев дар бозии чемпионати Тоҷикистон байни ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои лигаи олӣ «Регар-ТадАЗ» – «Барқи тоҷик» (24 апрел) аз ҳуқуқи иштирок кардан дар ду бозии навбатӣ маҳрум карда шавад.

Добавить комментарий