Ҷаҳонгир Эргашев ба қароргоҳи мунтахаби миллии Тоҷикистон ҳозир шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Ҷаҳонгир Эргашев ба қароргоҳи мунтахаби миллии Тоҷикистон ҳозир шуд

Ҳамлагари «Динамо»-и Брести Белорус ва мунтахаби миллии Тоҷикистон Ҷаҳонгир Эргашев ба қароргоҳи тими миллии Тоҷикистон дар Гулистони Суғд ҳозир шуд. Субҳи имрӯз ӯ бо ҳайати асосии тими миллӣ тамрин хоҳад кард.

Ёдрас мешавем, ки бозии дӯстона байни мунтахабҳои Тоҷикистону Сурия рӯзи 27-уми август, соати 17.00 дар Варзишгоҳи «20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд доир мешавад

Билетҳои тамошои бозӣ ба фурӯш бароварда шуданд ва хоҳишмандон метавонанд билетҳоро аз хазинаҳои билетфурӯшии варзишгоҳи «Спартак», маҷмааи варзишии «Қасри варзиш» ва бозори «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд дастарс намоянд. Арзиши як адад билет – 20 сомонӣ.

Мухлисоне, ки чиптаҳои ин бозиро харидорӣ мекунанд, имконияти бурд кардани якчанд тӯҳфаи молиро доранд. Баъди анҷоми вохӯрӣ аз рӯи билетҳои воридшавӣ бозии лотореяи варзишӣ доир мешавад, ки дар он планшет, смартфонҳои навъи охир, либосҳои варзишӣ ва бурди асосӣ – сабукрави тамғаи «Мерседес -Бентс» бозӣ доронда мешаванд.

Добавить комментарий