Аҳмад Абу Исмоил: “Шумо бояд мунтахаби худро дастгирӣ кунед” – Федерация Футбола Таджикистана

Аҳмад Абу Исмоил: “Шумо бояд мунтахаби худро дастгирӣ кунед”

Сармураббии тими миллии Урдун Аҳмад Абу Исмоил натиҷаи ғалабаи дастаашро бар мунтахаби Тоҷикистон дар доираи бозии ифтитоҳии марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 шарҳ дод.

Аҳмад Абу Исмоил, сармураббии мунтахаби миллии Урдун:

“Мехоҳам ба дастаи ҳариф барои бозии хубаш сипосгузорӣ кунам. Бозигарони ман имрӯз тамоми дастурҳои маро барои бозӣ иҷро карданд. Дар қисми якум мо метавонистем 4-5 гол занем. Барои Ҳасан (муаллифи хет-трик) бисёр хурсандам, ки се голи бисёр зебо зад. Ман дирӯз гуфтам, ки дастаи рақибро хуб омӯхтем ва ҷонибҳои қавиву заифи онро медонем.

Дар бораи мунтахаби миллии Тоҷикистон ҳаминро гуфтаниям, ки нисбати он бозие, ки чанд сол пеш бо Эрон (1:6) ман дидам, пешравиҳои назаррас дида мешаванд. Бозигарони рақамҳои 8 (Нуриддин Давронов), 15 (Аҳтам Ҳамроқулов) ва 21 (Манучеҳр Ҷалилов) хуб бозӣ карданд. Рақами 6 (Давронҷон Эргашев) ҳам дар хати муҳофизат хуб бозӣ кард. Дар бозӣ иштирок кардани президенти кишвари шумо ин бисёр амали бузург ва барои футбол манфиатнок аст.

Ман мехоҳам ба шумо рӯзноманигорон ҳаминро бигӯям, ки мунтахаби худро дастгирӣ кунед. Мо ин марҳилаеро, ки айни замон шумо дар он қарор доред, пушти сар кардем. Муттаҳид шудем ва тавонистем, ки ба дараҷаи баландтар бароем. Ва ба шумо ҳам зарур аст, ки муттаҳид шавед. Ман бовар дорам, ки бо дастгирии Федератсияи футболи Тоҷикистон шумо натиҷаҳои балантарро соҳиб мешавед. Зеро ман мебинам, ки дар футболи шумо пешравиҳо зиёданд. Ба мунтахаби шумо комёбиҳоро таманно дорам”.

Добавить комментарий