Имрӯз “Аҳал”-и Туркманистон ҷиҳати иштирок дар бозии даври ҷамъбастии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2015 бо чемпиони феълии Тоҷикистон “Истиқлол”-и пойтахт ба Душанбе омад.
Дар фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе витсе-чемпиони Туркманистонро ҳайати намояндагии клуби футболи “Истиқлол” истиқбол кард. Баъди гузаштани назоратҳои шиносномавӣ дастаи футболи “Аҳал” дар меҳмонхонаи “Тоҷ Палас” ҷойгир карда шуд. Ситоди мураббиёни “Аҳал” ба бозӣ бо чепиони мо бо худ 16 бозигарро ҳамроҳ овардаст. Ёдовар мешавем, ки бозии даври шашуми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2015 байни “Истиқлол” ва “Аҳал” рӯзи чоршанбеи 13 май, соати 20.45 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад.
Ҳайати “Аҳал” дар бозӣ бо “Истиқлол”:
Дарвозабонҳо – Никита Горбунов, Акмурат Гурбанов.
Муҳофизон – Дамар Батиров, Берди Хотдиев, Бегли Мередов.
Ниммуҳофизон – Гурбан Аннаев, Зафар Бабаджанов, Бекмурат Балакаев, Мавлаберди Гошанов, Мурат Хамраев, Сулейман Орезов, Рахмет Шерметов, Алибек Абдурахманов.
Ҳамлагарон – Мамедали Караданов, Бердимурат Реджепов, Алтинмурат Аннадурдиев.