Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17)-ро дар Душанбе самимона истиқбол гирифтанд – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17)-ро дар Душанбе самимона истиқбол гирифтанд

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон пас аз баромади бомуваффақ дар Ҷоми Осиё-2025 аз Арабистони Саудӣ ба ватан баргашт.

Дар Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе ҳайати мунтахаби наврасонро роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Федератсияи футболи Тоҷикистон, инчунин рӯзноманигорон, мухлисон ва наздикони футболбозону ситоди мураббиён самимона истиқбол гирифтанд.

Қобили зикр аст, ки дар Ҷоми Осиё-2025 дар Арабистони Саудӣ мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар маҷмуъ чаҳор бозӣ анҷом дода, ба марҳилаи чорякниҳоӣ роҳ ёфт ва ба Ҷоми ҷаҳон-2025, ки аз 3 то 27 ноябр дар Қатар баргузор мешавад, роҳхат гирифт.

Назари худро бинависед