«Ҳумо» шарики расмии Ҷоми Тоҷикистон-2025 оид ба футзал шуд – Федерация Футбола Таджикистана

«Ҳумо» шарики расмии Ҷоми Тоҷикистон-2025 оид ба футзал шуд

Ташкилоти амонатии хурди «Ҳумо» сарпарасти мусобиқаи Ҷоми Тоҷикистон дар соли 2025 гардид.

Имрӯз, 9 апрел дар дафтари Федератсияи футболи Тоҷикистон Лигаи футзали Тоҷикистон ва ташкилоти амонатии хурди «Ҳумо» созишномаи шарикӣ ба имзо расониданд, ки тибқи он ба «Ҳумо» мақоми шарики расмии Ҷоми Тоҷикистон-2025 дода мешавад.

Созишномаро директори Лигаи футзали Тоҷикистон Бахтовар Меликов ва муовини директори генералии ТАҚХ «Ҳумо» Алишер Нуралиев имзо карданд.

Мавсими нави Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал 20 апрел оғоз шуда, 10 июн ба анҷом мерасад. Имсол Ҷоми кишвар аз чанд марҳила иборат хоҳад буд.

Назари худро бинависед