Федератсияи футболи Тоҷикистон ва ширкати сохтмонии «Cебистон 2018» шартномаи ҳамкориро тамдид карданд – Федерация Футбола Таджикистана

Федератсияи футболи Тоҷикистон ва ширкати сохтмонии «Cебистон 2018» шартномаи ҳамкориро тамдид карданд

Федератсияи футболи Тоҷикистон ва ширкати сохтмонии «Себистон 2018» созишномаи шарикии нав ба имзо расониданд.

Маросими имзои шартнома дар деҳаи зебоманзари Алмосии Ҳисор барпо гардид. Созишномаро ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Искандар Ҷалилов ва директори генералии ҶДММ «Себистон 2018» Муҳайё Давлатализода имзо карданд.

Директори генералии ҶДММ «Себистон 2018» Муҳаё Давлатализода қайд кард, ки ширкати онҳо аз тамдиди ҳамкориҳо бо Федератсияи футболи Тоҷикистон хушнуд аст.

«Мо аз тамдиди ҳамкориҳо бо Федератсияи футболи Тоҷикистон хеле хушҳолем. Ин шарикӣ ба мо имкон медиҳад, ки бо ҳаводорони сершумори футбол пайваст шавем ва бренди «Себистон»-ро дар кишвар боз ҳам маъруфтар гардонем», – гуфт директори генералии «Себистон 2018» Муҳайё Давлатализода.

Назари худро бинависед