Тими миллии Тоҷикистон муқобили Тимори Шарқӣ бо либоси сафед бозӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Тими миллии Тоҷикистон муқобили Тимори Шарқӣ бо либоси сафед бозӣ мекунад

Дар меҳмонхонаи «Румӣ»-и шаҳри Душанбе пеш аз бозии даври аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 миёни мунтахабҳои Тоҷикистон ва Тимори Шарқӣ ҷаласа доир гардид.

Ҷаласа бо иштироки ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Искандар Ҷалилов, масъулони бозӣ ва менеҷерони дастаҳо баргузор шуд.

Дар ҷаласа ҷанбаҳои умумии ташкилии вохӯрии дарпешистода мавриди баррасӣ қарор гирифта, рангҳои либоси дастаҳо интихоб карда шуданд. Дар бозии фардо тими миллии Тоҷикистон бо либоси сафед ва мунтахаби Тимори Шарқӣ бо либоси сурх ба майдон мебароянд.

Назари худро бинависед