Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар «Ҷоми рушд-2025 бо дастаҳои Русия, Эрон ва Қазоқистон бозӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар «Ҷоми рушд-2025 бо дастаҳои Русия, Эрон ва Қазоқистон бозӣ мекунад

Дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Марко Раҷини дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2025» ширкат мекунад.

Дар ин мусобиқа, ки дар шаҳри Минск аз 16 то 21 феврал баргузор мешавад, ҳашт даста иштирок мекунанд. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) дар гурӯҳи «В» бо дастаҳои Русия (16 феврал), Эрон (17 феврал) ва Қазоқистон (19 феврал) рақобат мекунад. Дар гурӯҳи «А» дастаҳои наврасони Беларус, Ӯзбекистон, Озарбойҷон ва тими Академияи «Blockchain Sports»-и Бразилия нерӯсанҷӣ мекунанд.

Тибқи низомномаи мусобиқот дар марҳилаи гурӯҳӣ дастаҳо аз рӯйи системаи даврӣ дар як марҳила бозӣ мекунанд. Ғолибони гурӯҳ дар финал вомехӯранд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷои дуюмро мегиранд, барои медалҳои биринҷӣ мубориза мебаранд. Инчунин барои ҷойҳои 5-6 ва 7-8 бозиҳои тасаллобахш баргузор мешаванд.

Қобили зикр аст, ки мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) имсол дар Ҷоми Осиё, ки аз 3 то 20 апрел дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард. Рақибони тими мо дар гурӯҳи «D» дастаҳои Эрон, Уммон ва Кореяи Шимолӣ мебошанд.

Назари худро бинависед