Дар Душанбе қисми ниҳоии чемпионати Тоҷикистон байни бозигарони то 13-сола ба анҷом расид. Футболбозони Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзиши шаҳри Душанбе дар ин синну сол қаҳрамони кишвар гардид.
Дар қисми ниҳоии чемпионат 9 даста иштирок кард. Аз рӯйи натиҷаи бозиҳои гурӯҳӣ ва даври ниманиҳоӣ ду дастаи пойтахт – МҶМОВ ва КМВА дар финал ба ҳам омаданд. Дар ин муборизаи ҳассос наврасони МҶМОВ – 1:0 ғалаба намуданд.
Вохӯрӣ барои медалҳои биринҷӣ ҳам пурҳаяҷон гузашт, чунки вақти асосии бозии «Ҷавонон» (Ёвон) ва МҶМОВ-2 (Душанбе) мусовӣ – 1:1 анҷом ёфт. Дар зарбаҳои пеналти муваффақиятро МҶМОВ-2 касб намуд – 4:3.
Дар маросими ҷоизасупорӣ ва пӯшидашавии чемпионат ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Искандар Ҷалилов, директори техникии ФФТ Увайдо Давлтабеков ва директори Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон Абдулло Соқиев ширкат доштанд.
Кумитаи тадорукоти чемпионат беҳтарин бозигаронро муайян ва қадрдонӣ кард. Муҳасин Сафарбеков («Ҷавонон»), Азим Аланазаров (КМВА), Аъзам Қаюмов (МҶМОВ-2) ва Аҳмад Назаров (МҶМОВ) беҳтарин бозингарон дар дастаҳои худ эътироф гардиданд. Беҳтарин нишонзани мусобиқот Самир Камолов аз тими «Ҷавонон» гардид, ки шаш гол задаст. Абубакр Сафаров (МҶМОВ) беҳтарин бозигари чемпионат дониста шуд.