Конфедератсияи футболи Осиё тартиб ва таркиби сабадҳои маросими қуръакашии Ҷоми Осиё-2025 миёни наврасон (U-17)-ро эълон кард.
Қуръакашии қисми ниҳоӣ 23 январ дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё воқеъ дар Куала-Лумпур баргузор шуда, соати 12:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.
Дастаи наврасони Тоҷикистон дар баробари дастаҳои Австралия, Яман ва Ӯзбекистон вориди сабади дуюм шуда, ҳатман дар Ҷоми Осиё-2025 дар як гурӯҳ бо ин тимҳо бозӣ намекунад.
Ҳангоми тақсимоти мунтахабҳо ба сабадҳо КФО натиҷаҳои се Ҷоми Осиё байни наврасонро (Ҳиндустон, 2016; Малайзия, 2018 ва Тайланд, 2023) ба назар гирифтааст.
Қобили зикр аст, ки Ҷоми Осиё-2025 байни дастаҳои наврасони то 17-сола аз 3-юм то 20-уми апрел дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад. Дастаҳое, ки ба даври чорякниҳоӣ роҳ меёбанд, ба Ҷоми ҷаҳон-2025, ки дар Қатар сурат мегирад, роҳхат пайдо мекунанд.