Дар арафаи баргузории бозии якуми нимфинали Ҷоми КФО-2015 миёни СК “Кувайт”-и Кувайт ва “Истиқлол”-и Тоҷикистон, нишасти хабарӣ доир гардид ва дар он ба суолҳои хабарнигорон сармураббиёни дастаҳо – Муҳаммад Иброҳим (СК “Кувайт”) ва Мубин Эргашев (“Истиқлол”) посух гуфтанд.
Мубин Эргашев, сармураббии “Истиқлол”:
– Мо хело ҳам хушҳолем, ки бо яке аз пурқувваттарин дастаҳои Ҷоми КФО рақобат мекунем. СК “Кувайт” дастаи ботаҷрибаву қавӣ ва иштирокчии мунтаззами Ҷоми КФО буда, солҳои охир дар ин мусобиқа хело ҳам бомуваффақият бароамад мекунад. Дар чемпионати Кувайт ҳам дастаро яке аз беҳтаринҳо эътироф мекунанд. Мо нағз медонем, ки СК “Кувайт” дастаи хуб созмонёфта буда, дар ҳайати он легионерҳои қавие бозӣ мекунанд, ки дар дастаҳои миллиияшон низ бозиарони калидӣ ҳастанд. Натиҷаи мусовӣ дар бозии пагоҳ моро қаноат мекунонад. Мутаассифона, ду бозигари ҳайати асосии мо лат бардоштанд ва иштирокашон дар бозии пагоҳ зери суол аст. Пагоҳ ба мо мушкил мешавад. Новобаста ба ин ҳама, мо омодаем, ки пагоҳ рақобати сахт нишон диҳем. Бозигарони дигарамон имконият пайдо мекунанд, ки дар ин бозии муҳим худро нишон диҳанд.
Маҳдӣ Чоҳдҷӯӣ, муҳофизатгари “Истиқлол”:
– Мо ба ин бозӣ нағз омодагӣ гирифтем. Мураббиёнамон оиди паҳлӯҳои заъфу қавии дастаи ҳариф бароямон дастурҳо доданд. Моро ҳамагӣ аз финал як қадам ҷудо мекунад. Оне, ки дар соли дебютантии худ то нимфинали мусобиқа расидем, бароямон дастоварди бузург аст. Ҳеҷ кас, ҳатто худи мо ҳам ба ин бовар надоштем. Ҳоло бошад, ба худ боварӣ пайдо шудаст ва чунин меҳисобам, ки имконияти болотар рафтанро ҳам дорем. Албатта, кӯшиш мекунем, ки нағз баромад кунем.