Дастаи «Душанбе» қаҳрамони Тоҷикистон-2024 байни дастаҳои занона шуд. Мураббӣ Зебо Гасимова футболбозони пойтахтро бори панҷум ба ин муваффақият овард (пештар даста «Зебонисо» ном дошт). Қаблан футболбозбонувони Душанбе дар солҳои 2018, 2020, 2022 ва 2023 қаҳрамони Тоҷикистон шуда буданд.
Чемпионати Тоҷикистон имсол бо иштироки 10 бошгоҳ барпо гардид. Дастаҳо дар ду марҳила мубориза бурданд. Дар марҳилаи аввал дастаҳои «Душанбе» (Душанбе), МДМВ «Вахш» (Бохтар), МДМВ (Кӯлоб), «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ), «Бешкент» (Носири Хусрав), «Ситора» (Шаҳринав), «Ҷавонӣ» (Ҷаббор Расулов), ММФ «Канд» (Конибодом), «Бунҷикат» (Шаҳристон) ва ММВФЧА «Хуҷанд» (Хуҷанд) ба ду гурӯҳ тақсим шуданд.
Дар гурӯҳи «А» шаш даста дар чаҳор давр ва дар гурӯҳи «Б» чаҳор даста дар панҷ давр қувваозмоӣ карданд. Аз рӯйи натиҷаи марҳилаи муқаддамотӣ аз ҳар гурӯҳ ду дастаӣ ба қисми ниҳоии чемпионат роҳ ёфтанд.
Дар даври 1/2 ниҳоӣ чемпионат «Вахш»-и Бохтар бар «Бунҷикат»-и «Шаҳристон» (2:0) ғолиб омад, «Душанбе» аз дастаи MMВФЧА-и Хуҷанд (13:0) пурқувваттар баромад.
«Бунҷикат» дар вохӯрӣ барои ҷойи сеюм бар ММВФЧА-и Хуҷанд бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуда, барандаи медали биринҷии чемпионат гардид.
Дар бозии ниҳоӣ дастаҳои «Душанбе» ва «Вахш» қувваозмоӣ карданд. Вақти асосии вохӯрӣ мусовӣ – 0:0 анҷом ёфта, дар силсилаи пеналти футболбозбонувони пойтахт дақиқтар буданд – 4:1. Ба ин тартиб, тими Душанбе бори панҷум дар таърихи худ ғолиби қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои занона гардид.
Бар асоси натоиҷи чемпионат Лигаи футболи занонаи Тоҷикистон барандагони ҷоизаҳои инфиродиро низ муайян кард. Беҳтарин дарвозабони чемпионати Тоҷикистон Муниса Гулова («Душанбе») дониста шуд. Ҷоизаи беҳтарин нишонзан ба Сайёра Саидова («Душанбе») дода шуд, ки ба дарвозаи ҳарифон 43 гол задааст. Шаҳноза Бобоева аз тими «Вахш» ҷоизаи беҳтарин бозигари ин тими шаҳри Бохтарро гирифт. Зебо Гасимова («Душанбе») беҳтарин мураббии мавсими соли 2024 дониста шуд. Беҳтарин бозигари лига бошад, Ором Насруллоева аз дастаи «Бунҷикат» эълон гардид.