Чемпиони секаратаи Тоҷикистон “Истиқлол”-и Душанбе ҷиҳати иштирок дар бозии аввали нимфиналии Ҷоми КФО-2015 бо СК “Кувайт”-и Кувайт ба Ал-Кувайт сафар кард.
Ситоди мураббиёни “Истиқлол” дар ин сафр бо худ шонздаҳ бозигарро ҳамроҳ гирифтаст. Айни замон чемпиони футболи мамлакат ба хайрият ба Ал-Кувайт расида, дар меҳмонхонаи “Holiday Inn Kuwait”ҷойгир шудаст ва давоми будубоши худ дар Кувайт дар ин меҳмонхона истиқомат хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки бозии якуми нимфиналии Ҷоми КФО-2015 байни бошгощи футболи СК “Кувайт”-и Кувайт ва “Истиқлол”-и Тоҷикистон рӯзи чоршанбеи 30 сентябр дар варзишгоҳи “Al Kuwait Sports Club Stadium Kaifan” доир мешавад. Оғози бозӣ соати 19:20 ба вақти маҳаллӣ (соати 21:20 ба вақти Душанбе).
Ҳайати “Истиқлол” дар бозӣ бо СК “Кувайт”:
Дарвозабонҳо: Никола Стошич, Алишер Тӯйчиев;
Муҳофизон: Сиёвуш Асроров, Петро Ковалчук, Маҳдӣ Чоҳҷӯӣ, Аҳтам Назаров, Ҷаҳонгир Ҷалилов;
Ниммуҳофизон: Нуридддин Давронов, Хуршед Маҳмудов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Парвизҷон Умарбоев, Ромиш Ҷалилов, Умедҷон Шарипов, Дилшод Восиев;
Ҳамлагарон: Бледа Родригес, Манучеҳр Ҷалилов.
Ҳайати роҳбарикунанда: Мурод Умаров — директори варзишӣ, Шаҳзод Сулаймонов – менеҷер, Мубин Эргашев – сармураббӣ, Аслиддин Ҳабибуллоев – мураббии калон, Никола Лазаревич — мураббии омодагии ҷисмонӣ, Фаррух Авезов – духтур, Эркин Дадоҷонов – физиотерапевт, Одил Иргашев – маъмур, Рустам Ҳакимов – роҳбари дафтари матбуот.