Ҳайати тимии миллии Тоҷикистон барои иштирок дар мусобиқаи Ҷоми Мердека-2024 – Федерация Футбола Таджикистана

Ҳайати тимии миллии Тоҷикистон барои иштирок дар мусобиқаи Ҷоми Мердека-2024

Ситоди мураббиёни тими миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Гела Шекиладзе ҳайати тими миллиро, ки дар Малайзия дар 43-юмин мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Мердека» ширкат мекунад, эълон намуд.

Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 23 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар шомиланд.

«Истиқлол»-и Душанбе ба бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои дуюми КФО-2024/25 омодагӣ мегирад. Дар робита ба ин аз бошгоҳи пойтахт ба тими миллии Тоҷикистон танҳо ҳимоятгар Аҳтам Назаров даъват шуд.

Рустам Ятимов дарвозабони «Ростов» ба далели ҷароҳат доштанаш дар Малайзия дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок намекунад. Дарвозабони 29-солаи дастаи «Уфа» Олег Баклов бори аввал ба тими миллии кишвар даъват карда шуд.

31 август дастаи мо барои ширкат дар мусобиқаи Ҷоми Мердека тавассути шаҳри Дубай ба Куала-Лумпур сафар мекунад. Дастаи Тоҷикистон дар даври ниманиҳоии мусобиқот бо тими Лубнон бозӣ хоҳад кард. Дар рақобати дигари ниманиҳоӣ тимҳои Малайзия ва Филиппин вомехӯранд. Ин бозиҳо рӯзи 4 сентябр дар Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалили Куала-Лумпур баргузор мешаванд.

Ғолибони даври ниманиҳоӣ дар финал ва мағлубшудагон дар вохӯрӣ барои ҷойи сеюм ба ҳам меоянд. Бозиҳои ниҳоии мусобиқаи Ҷоми Мердека-2024 8 сентябр доир мешаванд.

 

📃 Ҳайати тими миллии Тоҷикистон барои ширкат дар мусобиқаи «Ҷоми Мердека-2024»:

 ️ Дарвозабонҳо: Олег Баклов («Уфа», Русия), Далерҷон Баротов («Истаравшан»), Сафармад Гаффоров («Хуҷанд»);

 ️ Ҳимоятгарон: Ваҳдат Ҳанонов («Сипоҳон», Эрон), Зоир Ҷӯрабоев, Манучеҳр Сафаров (ҳарду аз «Нефтчӣ», Ӯзбекистон), Меҳрубон Каримов («Самгурали», Гурҷистон), Раҳматшо Раҳматзода («Персиҷап Ҷепара», Индонезия), Аҳтам Назаров («Истиқлол»), Фахриддин Аҳтамов («Хуҷанд»), Баракатулло Нигматуллозода («Барқчӣ»);

 ️ Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев (ССКА-1948, Булғористон), Хусрав Тоиров, Фатҳулло Олимзода (ҳарду аз «Атирау», Қазоқистон), Вайсиддин Сафаров (КМВА), Алишер Шукуров, Салоҳиддин Иргашев (ҳарду аз «Вахш»), Шарафҷон Солеҳов («Регар-ТадАЗ»), Ҷовидон Хушвахтов («Баркчӣ»);

 ️ Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Андиҷон», Ӯзбекистон), Далер Шарифов («Металлург», Ӯзбекистон), Нуриддин Ҳамроқулов («Вахш»), Билол Бобоев («Барқчӣ»).

 Сармураббӣ – Гела Шекиладзе (Гурҷистон/Белгия).

Назари худро бинависед