Имрӯз, 9-уми август дар Душанбе мусобиқа футбол миёни дастаҳои кӯдакона (U-13) ба хотираи мураббии шоистаи ҷумҳурӣ, собиқ довари маъруф Владимир Домлоҷонов ба анҷом расид.
Дар мусобиқаи хотираи Владимир Домлоҷонов даҳ даста ширкат кард, ки дар марҳилаи муқаддамотӣ ба гурӯҳҳо ҷудо шуда буданд.
Аз рӯи натоиҷи бозиҳои муқаддамотӣ ва плей-офф дастаҳои «Душанбе» ва «Ваҳдат» дар рақобат барои ҷойи сеюм ба ҳам омаданд. Дар ин мубориза футболбозони пойтахт бо ҳисоби 4:3 ғалаба карданд.
Дастаи МҶМОВ-и Душанбе дар финал бар тими «Хатлон-2» бо ҳисоби 1:0 ғалаба намуда, ғолиби мусобиқа гардид.
Кумитаи тадорукоти мусобиқа ҳамзамон беҳтарин бозигаронро мукофотонид. Аббос Идиев («Ваҳдат»), Пайравшо Ёров (Душанбе) ва Умар Ҳасанов («Хатлон-2») беҳтарин бозигарони дастаҳои худ эътироф шуданд. Дарвозабони беҳтарини мусобиқа Абубакр Содиров (МҶМОВ) дониста шуд. Ҷоизаи беҳтарин нишонзани мусобиқот насиби Илёсбек Исомиддинов («Хатлон-2») гардид, ки муаллифи 9 гол шуд. Нуриддин Хисравзода (МҶМОВ) беҳтарин бозигари мусобиқа эълон шуд.