Дар Душанбе курсҳои ФИФА барои доварони Тоҷикистон оғоз ёфт – Федерация Футбола Таджикистана

Дар Душанбе курсҳои ФИФА барои доварони Тоҷикистон оғоз ёфт

Имрӯз, 30 июл дар меҳмонхонаи «Таҷ Палас»-и Душанбе курси панҷрӯзаи «FIFA MA Elite Referees Course» барои доварони Тоҷикистон оғоз шуд.

Дастурдиҳандаи асосии курс инструктори ФИФА Лим Ки Чонг Ан Ян аз Маврикий мебошад, ки дар ду чемпионати ҷаҳон – солҳои 1994 ва 1998 кор кардааст ва узви Кумитаи доварони ФИФА ба ҳисоб меравад. Фитнес-инструктори машғулиятҳо дастурдиҳандаи ФИФА Аҳмад Холиди Супиян аз Малайзия мебошад.

Дар курсҳои доварӣ аз Тоҷикистон Равшан Ишматов, Умед Раҳимов ва фитнес-инструктор Кристина Пронженко, инчунин 32 довари футбол – 12 довари марказӣ ва 20 ёвар иштирок доранд.

Курсҳои панҷрӯзаи ФИФА барои доварон дар Тоҷикистон аз дарсҳои назариявӣ ва амалӣ иборат аст.

Назари худро бинависед