Мунтахаби Тоҷикистон дар Малайзия дар мусобиқаи «Ҷоми Мердека-2024» ширкат мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби Тоҷикистон дар Малайзия дар мусобиқаи «Ҷоми Мердека-2024» ширкат мекунад

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар 42-юмин мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Мердека», ки дар рӯзҳои ФИФА-и моҳи сентябр баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.

Дар ин мусобиқот ба ҷуз аз яккачини Тоҷикистон тимҳои миллии Малайзия, Лубнон ва Филиппин ширкат мекунанд. Тибқи низомнома дастаҳо ду ҷуфти даври ниманиҳоиро ташкил дода, баъдан ғолибон дар финал ва мағлубшудагон дар бозӣ барои ҷойи сеюм вомехӯранд. Мусобиқаи «Ҷоми Мердека» аз 2 то 10 сентябр дар Куала-Лумпур баргузор мешавад.

Тими миллии Тоҷикистон барандаи феълии «Ҷоми Мердека» мебошад. Соли гузашта дастаи мо дар финали мусобиқа бар яккачини Малайзия бо ҳисоби 2:0 ғалаба карда буд.

Бояд гуфт, ки рақибони дастаи Тоҷикистон дар даври гурӯҳии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2027, ки 25 марти соли 2025 шуруъ мешавад, 19 декабр маълум мегарданд

Назари худро бинависед