Дастаи ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Ҷалолобод дар доираи чемпионати CAFA-2024 бо мунтахабҳои Қирғизистон ва Афғонистон бозӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Дастаи ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Ҷалолобод дар доираи чемпионати CAFA-2024 бо мунтахабҳои Қирғизистон ва Афғонистон бозӣ мекунад

Дастаи ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 дар мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ ширкат мекунад.

Дар чемпионати CAFA-2024, ки аз 5 то 12 июл дар Ҷалолобод (Қирғизистон) баргузор мешавад, шаш дастаи минтақа иштирок меварзад.

Бар асоси натоиҷи қуръакашӣ мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии CAFA-2024 дар гурӯҳи «А» бо тимҳои ҷавонони Афғонистон (7 июл) ва Қирғизистон (9 июл) рақобат менамояд. Дар гурӯҳи «В» дастаҳои ҷавонони Ӯзбекистон, Эрон ва Туркманистон мубориза мебаранд.

Тибқи низомномаи мусобиқа дар марҳилаи гурӯҳӣ дастаҳо аз рӯйи системаи даврӣ дар як давр бозӣ мекунанд. Ғолибони гурӯҳ дар финал рақобат хоҳанд кард. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойи дуюмро мегиранд, барои медалҳои биринҷӣ мубориза мебаранд. Инчунин барои ҷойҳои панҷум ва шашум бозиҳои тасаллобахш баргузор мешаванд.

Дар тамоми бозиҳои чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола дар Қирғизистон системаи видеодовар-VAR истифода мешавад.

 

🏆 Натиҷаи қуръакашии чемпионати CAFA-2024 байни дастаҳои ҷавонон (U-20):

Гурӯҳи «А»:

🇰🇬 Қирғизистон

🇹🇯 ТОҶИКИСТОН

🇦🇫 Афғонистон

 

Гурӯҳи «В»:

🇺🇿 Ӯзбекистон

🇮🇷 Эрон

🇹🇲 Туркманистон

Назари худро бинависед