Ҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон Зоир Ҷӯрабоев дар бораи рӯҳияи даста пеш аз бозии ниҳоии даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» бо тими миллии Покистон сухан кард. Ин вохӯрӣ рӯзи 11 июн дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, соати 20:00 оғоз мешавад.
Зоир ҶӮРАБОЕВ, ҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон:
– Пеш аз ҳама аз мухлисонамон, ки дар бозии сафарӣ бо тими миллии Урдун аз мо натиҷаи хуб интизор буданд, узр мехоҳам. Мутаассифона, мо интизориҳои онҳоро бароварда натавонистем. Бо вуҷуди ин, мехоҳам ба мухлисон бигӯям, ки дастаи мо дар роҳи дуруст аст. Чаро ман инро мегӯям? Дар Ҷоми Осиё-2023 ва марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 бо тимҳои пурқуввате чун Қатар, Урдун ва Арабистони Саудӣ бозӣ кардем. Ва дар бозиҳои сафарӣ тими мо заифтар набуд, танҳо рақибон аз баъзе хатоҳои хурди мо истифода карданду мо аз имкониятҳои худ истифода набурдем. Ҳоло дар шабакаҳои иҷтимоӣ бархе аз мухлисон менависанд, ки вохӯрӣ бо Покистон ҷолиб нест. Ман аз мухлисон хоҳиш дорам, ки дар чунин лаҳзаи душвор тими моро дастгирӣ кунанд. Умедворам, ки боз боварии мухлисонро пайдо мекунем ва собит мекунем, ки дар тими мунтахаби кишвар ба хотири ватан ҳунарнамоӣ мекунем.