Мубин Эргашев: “Ягон хел фишор ҷой надорад” – Федерация Футбола Таджикистана

Мубин Эргашев: “Ягон хел фишор ҷой надорад”

Дар арафаи бозии марҳилаи чорякниҳоии Ҷоми КФО-2015 байни “Паҳанг”-Малайзия ва “Истиқлол”-и Тоҷикистон дар меҳмонхонаи “M.S. Garden Hotel Kuantan” нишасти хабарии анъанавии пеш аз бозӣ доир гардид. Дар нишасти хабарӣ сармураббии “Истиқлол” Мубин Эргашев ва муҳофизатгари даста Эраҷ Раҷабов ширкат карданд.

Сармураббии чемпиони секаратаи Тоҷикистон дар ин нишасти хабарӣ мулоҳизаҳояшро оиди вохӯрии дар пеш истода чунин баён намуд: “Мо пеш аз бозии ҷавобӣ ягон хел фишорро эҳсос намекунем. Дастаи мо дар ҳолати хуби омодагӣ қарор дорад. Бозии ҷаззобу шавқоварро инизор ҳастем. Дар рӯбарӯи мо рақиби тавонои дорои анъанаҳои бои футболӣ қарор дорад. Дар ташкили бозӣ баъзе норасоиҳо ҷой доранд. Баробари ба ин ҷо омадан мо ҳангоми ҷобаҷо шавӣ дар меҳмонхона ба мушкилӣ дучор шудем. Дирӯз тамринро дарт варзишгоҳе гузаронидем, ки аз меҳмонхонаи мо дар масофаи хеле дур ҷойгир шуда буд. Мо бо автобус бештар аз 45 дақиқа роҳ паймудем. Ин ҳам дар ҳоле, ки аз паҳлӯи чандин варзишгоҳ ва майдонҳои футболбозӣ гузаштем. Дар маҷмӯ мо нисбат ба дастаи ҳариф эҳтиром дорем ва ба ин бозӣ омодагии хуб дидаем. Бовар дорам, ки пагоҳ бозии мушкил, вале ҷаззобу шавқовар доир мегардад. Дар ҳайати “Паҳанг” чанд нафар бозигаре ба майдон мебарояд, ки дар бозии аввал дар Душанбе иштирок надоштанд. Айни ҳол бошад, мо ягон нороҳатиро ҳис намекуне ва боду ҳаво низ моро қаноат мекунонад”- гуфт, Мубин Эргашев.

Муҳофизатгари “Истиқлол” Эраҷ Раҷабов бошад, ба хабарнигорон чунин гуфт: “Фикр мекунам, пагоҳ бозии шавқовар доир мешавад. Бозии якум дар Душанбе барои мо бобарор буд ва мо натиҷаи дилхоҳро соҳиб шудем. Мо кӯшиш мекунем, ки дар Малайзия ҳам ба муваффақият ноил гардем ва натиҷаи дилхоҳро соҳиб шуда, ба бозии нимниҳоии Ҷоми КФО роҳ ёбем”.

Добавить комментарий