Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) дар сомонаи расмии худ матлаберо таҳти унвони «Ҳадафҳои бузург Тоҷикистонро ба 100-гонаи беҳтаринҳои раддабандии ҷаҳонӣ мебарорад» нашр кард, ки ба баромади бомуваффақи тими миллии Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2023 бахшида шудааст.
Дар Ҷоми Осиё-2023 дар Доҳа мунтахаби Тоҷикистон панҷ бозӣ анҷом дод. Дастаи мо дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқот бо Чин мусовӣ (0:0) намуда, аз Қатар шикаст хӯрд (0:1) ва бар Лубнон (2:1) зафар ёфт. Дар даври 1/8 ниҳоӣ мунтахаби Тоҷикистон бар тими Амороти Муттаҳидаи Араб (1:1, 5:3 аз рӯйи пеналти) ғолиб омада, дар даври чорякниҳоӣ аз мунтахаби Урдун (0:1) ноком шуд.