Президенти ФФТ Рустам Эмомалӣ бо мунтахаби Тоҷикистон мулоқот кард – Федерация Футбола Таджикистана

Президенти ФФТ Рустам Эмомалӣ бо мунтахаби Тоҷикистон мулоқот кард

Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустам Эмомалӣ имрӯз дар остонаи бозии чаҳорякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 бо бозигарон, мураббиён ва ҳайати маъмурии тими миллии Тоҷикистон мулоқот кард.

Дар меҳмонхонаи «Banyan Tree Doha» вохӯрӣ гарму самимӣ ҷараён гирифт. Президенти ФФТ Рустам Эмомалӣ ба даста барои футболи хубе, ки дар Ҷоми Осиё-2023 нишон медиҳад, изҳори сипос намуд.

«Ба даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё роҳ ёфтан ва дар қатори ҳашт дастаи беҳтарин ҷой гирифтан дастоварди бузурги тими миллии мост. Бо баромади худ дар Ҷоми Осиё шумо дили миллионҳо мухлисонро дар Тоҷикистон ва берун аз он ба даст овардед. Ҳоло ҳама ба дастаи мо мухлисӣ карда истодаанд. Ташаккур ба шумо барои натиҷаҳои шоён ва заҳматҳои зиёд. Имрӯз мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Урдун вохӯрии душвор хоҳад дошт. Бароятон комёбӣ таманно дорам!», – гуфт Рустами Эмомалӣ дар мулоқот бо даста.

Назари худро бинависед