Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустам Эмомалӣ, дастаи мунтахаби кишварро, ки дар Ҷоми Осиё-2023 дар Доҳа бомуваффақият баромад мекунад, қадрдонӣ намуд.
Баъди баромадан аз гурӯҳ бо фармони Рустам Эмомалӣ ба тими миллии Тоҷикистон 300 ҳазор доллар мукофотпулӣ ҷудо шуд. Илова бар ин, президенти ФФТ пас аз пирӯзии тими миллии Тоҷикистон дар даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 бар тими Амороти Муттаҳидаи Араб (1:1, 5:3 аз рӯйи силсилаи пеналти) ба яккачини Тоҷикистон 150 ҳазор доллари дигар ҷудо намуд. Дар сурати пирӯзӣ бар тими миллии Урдун дар даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё, мунтахаби Тоҷикистон 200 ҳазор доллари иловагӣ ба даст хоҳад овард.
Ҳамчунин дар сурати пирӯзиҳои минбаъда дар Ҷоми Осиё-2023 ба мунтахаби Тоҷикистон мукофотҳои калон тақдим карда мешавад.
Қобили зикр аст, ки мунтахаби Тоҷикистон барои аввалин бор дар таърихи худ дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё ҳунарнамоӣ дорад ва бо роҳ ёфтан ба даври чорякниҳоии мусобиқот аллакай дастоварди шоёнро дар таърихи варзиши кишвар сабт кард. Дар даври чорякниҳоӣ дастаи мо 2 феврал бо тими миллии Урдун бозӣ мекунад. Ин дидор дар варзишгоҳи Аҳмад бин Алӣ баргузор шуда, соати 16:30 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.