Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозии ифтитоҳии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 дар чаҳоргонаи «А»-ро бо тими миллии Чин бо либоси сафед анҷом медиҳад.
Имрӯз, 12-уми январ, дар варзишгоҳи ба номи Абулло бин Халифаи шаҳри Доҳа пеш аз бозии дастаҳои мунтахаби Чину Тоҷикистон ҷаласа баргузор шуд.
Дар ҷаласа ранги либоси дастаҳо тасдиқ карда шуд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки меҳмони номиналӣ дар рақобат аст, бо либоси сафед ҳунарнамоӣ мекунад. Дастаи Чин бо либоси сурх ба майдон мебарояд.
Қобили зикр аст, ки бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 дар чаҳоргонаи «А» миёни дастаҳои мунтахаби Чину Тоҷикистон рӯзи 13 январ дар варзишгоҳи Абулло бин Халифаи шаҳри Доҳа баргузор мешавад ва соати 17-30 ба вакти маҳаллӣ (19:30 ба вақти Душанбе) оғоз мегардад.
🏆 Чемпионати Осиё-2023
✅ Гурӯҳи «А»
⚽️ Даври 1
📅 13 январ (шанбе)
⌚️ Оғоз – соати 19:30 ба вақти Душанбе
🇨🇳 Чин – 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН
🏟 Доҳа, варзишгоҳи Абдуллоҳ бин Халифа