Капитани тими миллии Тоҷикистон Аҳтам Назаров интизориҳои худро аз ҳаждаҳумин Ҷоми Осиё, ки мунтахаби мо барои нахустин бор дар он ширкат мекунад, иброз дошт. Дар гурӯҳи «А» рақибони мунтахаби Тоҷикистон тимҳои Чин (13 январ), Қатар (17 январ) ва Лубнон (22 январ) мебошанд.
Аҳтам НАЗАРОВ, капитани тими миллии Тоҷикистон:
– Интизориҳо аз мусобиқа хеле хубанд. Ҷоми Осиё барои ҳама мусобиқаи бузург ва муҳим аст. Мо дебютанти Ҷоми Осиё ҳастем, пеш аз мусобиқа ҳамеша ҳаяҷон ҳаст, аммо фардо он мегузарад. Мо омодаем, ки дар ҳар як бозӣ мубориза барем, то ба даври баъдӣ бароем.