Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҷамъомади таълимии худро дар Абу-Даби, ки ҳадафаш омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 аст, ба анҷом расонд.
Рӯзи ниҳоии ҷамъомади тамринӣ дар Абу-Даби аз рӯйи реҷаи дуркарата гузашт. Футболбозони тоҷик ду дафъа дар майдон кор карданд. Пас аз анҷоми тамрини ниҳоӣ дар Абу-Даби сармураббии тими миллӣ Петр Сегрт ба бозигарон барои заҳмату кӯшишҳояшон изҳори сипос намуд.
Пагоҳ, 8 январ тими миллии Тоҷикистон барои ширкат дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 озими Доҳа мешавад. Дар чемпионати Осиё дастаи мо дар гурӯҳи «А бо тимҳои Чин (13 январ), Қатар (17 январ) ва Лубнон (22 январ) нерӯ месанҷад.