Ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт ҳайати тими миллиро барои бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 бо мунтахабҳои Урдун (16 ноябр, Душанбе) ва Покистон (21 ноябр, Исломобод) эълон кард.
Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 24 бозигар – 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар даъват шуданд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон 10-уми ноябр дар Душанбе омодагиро ба бозиҳо оғоз мекунад.
Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 бо тимҳои миллии Урдун (16 ноябр, Душанбе) ва Покистон (21 ноябр, Исломобод):
Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов (ҳарду аз «Истиқлол»), Далерҷон Баротов («Истаравшан»);
Ҳимоятгарон: Ваҳдат Ҳанонов («Персеполис», Эрон), Зоир Ҷӯрабоев («Нефтчӣ», Ӯзбекистон), Манучеҳр Сафаров («Локомотив», Ӯзбекистон), Аҳтам Назаров, Табрез Исломов, Содиқҷон Қурбонов (ҳама аз «Истиқлол»), Холмурод Назаров («Равшан»);
Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев (ССКА-1948, Булғористон), Амирбек Ҷӯрабоев («Кедах», Малайзия), Муҳаммадҷон Раҳимов («Бухоро», Ӯзбекистон), Руслан Хайлоев («Тюмен», Русия), Алишер Ҷалилов, Эхсони Панҷшанбе, Амадонӣ Камолов, Шервонӣ Мабатшоев (ҳама аз «Истиқлол»), Вайсиддин Сафаров (КМВА);
Ҳамлагарон: Рустам Соиров («Локомотив», Ӯзбекистон), Шаҳром Самиев («Милсами», Молдова), Нуриддин Ҳамроқулов («Регар-ТадАЗ»), Муҳаммадалӣ Азизбоев («Ҳосилот»).
Сармураббӣ – Петр Сегрт (Хорватия).