Гулмуроди Саъдулло дар семинари КФО барои кӯмакдоварони видеоӣ ширкат кард – Федерация Футбола Таджикистана

Гулмуроди Саъдулло дар семинари КФО барои кӯмакдоварони видеоӣ ширкат кард

Довари ФИФА Гулмуроди Саъдулло аз Тоҷикистон, ки ба категорияи доварони элитаи Конфедератсияи футболи Осиё шомил аст, дар семинари панҷрӯзаи кӯмакдоварони видеоӣ (VAR) ширкат кард.

Дар семинар 22 довар иштирок кард. Дар рӯзи аввали барнома донишҳои назариявии ширкаткунандагон тавассути тестҳои гуногун оид ба қоидаҳои бозӣ, протоколҳои VAR, инчунин ҳодисаҳо зимни истифодаи VAR санҷида шуданд. Илова бар ин, семинар ба таҳлилу баррасии воқеаҳои гузаштаи VAR бахшида шуда буд, ки дастурдиҳандаҳо ба ин васила фаҳмишу таҳлили иштирокчиёнро баҳогузорӣ намуданд.

Дар давоми чор рӯзи боқимонда иштирокчиён ба гурӯҳҳо тақсим шуда, истифодаи технологияҳои навтаринро, ки ба кӯмакдоварони видеоӣ лозим аст, омӯхтанд.

Назари худро бинависед