Ба таваҷҷӯҳи мухлисоне, ки бозии даври чоруми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 байни мунтахабҳои милии Тоҷикистону Австралияро рӯзи 8 сентябр, соати 18.00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ тамошо карданиянд.
Дар хазинаҳои Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ фурӯши билетҳо барои «сектори сабз» оғоз шуд. «Сектори сабз» дар шафати VIP-ложаи варзишгоҳ ҷойгир шудааст.
Афзалиятҳо барои соҳибони билетҳои «сектори сабз»:
– тамошо аз минбари марказӣ;
– ҳамроҳии алоҳидаи роҳбаладҳо;
– вурудшавӣ ба варзишгоҳ тавассути даромадгоҳи хизматӣ;
– сектор барои намояндагони ширкатҳо.
Нархи билетҳо барои «сектори сабз» – 100 сомонӣ муқаррар шудаст. Барои маълумоти иловагӣ бо телефони 98-775-35-35 дар тамос шавед.
Билетҳои муқаррарӣ 20 сомонӣ арзиш доранд ва онҳоро метавонед аз хазинаҳои Варзишгоҳи марказӣ дастрас намоед.
Қайд мекунем, ки ҳамаи VIP-билетҳо, аллакай фурӯхта шуданд! VIP-билетҳо 700 сомонӣ арзиш доранд ва соҳибони онҳо бозиро аз нишастгоҳи мулоиму бофароғати VIP- ложаи Варзишгоҳи марказӣ тамошо мекунанд. Инчунин, ҳангоми танаффус ба дорандагони VIP-белетҳо дар нуқтаи махсуси ғизохӯрӣ хизмат расонда мешавад.
Ёдовар месозем, ки баъд вохӯрии байни мунтахабҳои миллии Тоҷикистону Австралия, бозии лотореяи варзишӣ доир хоҳад шуд. Дар бозии лотореяи варзишӣ миёни мухлисон тӯҳфаҳои қимматбаҳо – се адад смартфонҳои Samsung S6 ва ҳамин қадар смарт-соатҳои Samsung Gear S бозӣ доронда мешаванд.