Дастаи «Душанбе-2» таҳти роҳбарии мураббӣ Парвиз Сайфуллоев дар мусобиқаи анъанавии кӯдакона бахшида ба хотираи ҳимоятгари дастони «Помир»-и Душанбе, устоди варзиши ИҶШС Геннадий Иванович Черевченко ғолиб омад.
Дар мусобиқа, ки тӯли ду рӯз дар қароргоҳи бошгоҳи футболи «Истиқлол» воқеъ дар деҳаи Алмосии Ҳисор баргузор шуд, ҳашт даста ширкат варзид.
Дастаи «Душанбе-2», ки дар бозии ниҳоӣ бар тими «Душанбе-1» бо ҳисоби 1:0 пирӯз омад, ғолиби мусобиқа гардид. Дар вохӯрӣ барои ҷойи сеюм футболбозони навраси шаҳри Кӯлоб аз ҳамсолони худ аз шаҳри Бохтар зӯртар баромаданд – 3:0.
Дар маросими ҷоизасупорӣ собиқадорони футболи тоҷик, меҳмонони фахрӣ, ҳайати мураббиёни бошгоҳи футболи «Истиқлол», бозигарони тими миллии Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Кумитаи тадорукоти мусобиқа ҳамчунин беҳтарин бозигаронро қадрдонӣ кард. Абӯбакр Содиров («Душанбе-1») беҳтарин дарвозабон шуд. Ҷоизаи беҳтарин ҳимоятгар насиби Фаромарз Сафаров («Душанбе-2») гардид. Нуриддин Хусравзода (Душанбе-1) беҳтарин нимҳимоятгар эътироф гардид. Ҷоизаи нишонзани беҳтарин насиби Илёс Исомуддинов (Хатлон) шуд. Ҳикматулло Қудратуллозода (Душанбе-2) беҳтарин бозигари мусобиқа эълон гардид.