Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар бозии дӯстонаи дуюм бар тими Ҳонгконг пирӯз шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар бозии дӯстонаи дуюм бар тими Ҳонгконг пирӯз шуд

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) таҳти роҳбарии Мубин Эргашев дар бозии дӯстонаи дуюм бар тими Ҳонгконг пирӯз шуд.

Вохӯрӣ имрӯз, 19-уми июн дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода баргузор шуда, бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи дастаи мо анҷом ёфт. Аз ҳайати мунтахаби олимпии Тоҷикистон Амадонӣ Камолов ва Шаҳром Самиев гол заданд.

Қаблан бозии дӯстонаи якум миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Ҳонконг мусовӣ – 1:1 анҷом ёфта буд.

 

Бозии дӯстона

ТОҶИКИСТОН (U-23) – Ҳонконг (U-23) – 2:1

Голҳо: Амадонӣ Камолов, 76 – аз пеналти (1:0). Шаҳром Самиев, 90 (2:0). Тсанг И Ханг Эллисон, 90+6 (2:1).

Тоҷикистон (U-23): Суҳробхӯҷа Юсупов, Раҳматшо Раҳматзода, Содиқҷон Қурбонов, Алиҷон Кароматуллозода (Шаҳриёри Иноятулло, 90+3), Шоҳрух Сангов, Азизбек Ҳаитов (Фатҳулло Олимзода, 62), Шуҳрат Элмуродов, Хусрав Тоиров (Далер Шарипов, 77), Амадони Камолов, Рустам Соиров (Аминҷон Эргашев, 89), Шаҳром Самиев (Алишер Шукуров, 90+3).

Довари марказӣ: Абдулло Давлатов (Тоҷикистон).

19 июн. Турсунзода. Варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена». 1200 тамошобин. 

Назари худро бинависед