Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) барои ширкат дар Ҷоми Осиё-2023 ба Чонбури омад – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) барои ширкат дар Ҷоми Осиё-2023 ба Чонбури омад

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) ҷамъомади таълимиву тамриниро дар Бангкок анҷом дода, ба шаҳри Чонбури омад ва ду бозии аввалро дар даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 инҷо анҷом медиҳад.

Ба дархости ниҳоии мунтахаби наврасони Тоҷикистон барои ширкат дар Ҷоми Осиё-2023 23 бозигар – 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар шомил шуданд.

Дар Ҷоми Осиё-2023 миёни наврасон, ки аз 15 июн то 2 июл дар Таиланд баргузор мешавад, мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои Чин (16 июн), Арабистони Саудӣ (19 июн) ва Австралия (22 июн) бозӣ мекунад. Дастаи мо ду вохӯрии аввали марҳилаи гурӯҳиро дар Чонбури ва бозии даври охиринро бо тими Австралия дар Бангкок баргузор мекунад.

Бар асоси натоиҷи Ҷоми Осиё-2023 миёни наврасон чаҳор тими беҳтарин соҳиби роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон-2023 мешавад.

 

Ҳайати мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) барои ширкат дар Ҷоми Осиё-2023:

Дарвозабонҳо: 1. Абубакр Маҳмудов («Истиқлол»), 16. Муҳаммад Абдулҳадов («Панҷшер»), 23. Сунатулло Исмоилов («Барқчӣ»). 

Ҳимоятгарон: 2. Бахтовар Ғаюров («Барқчӣ»), 4. Диловар Ҷамшедзода («Барқчӣ»), 5. Баракатулло Нигматуллозода («Барқчӣ»), 6. Шеравган Саидов («Барқчӣ»), 12. Шаҳбон Наимов («Барқчӣ»), 15. Амири Фарҳод («Барқчӣ»), 21. Рустам Камолов («Истиқлол»).

Нимҳимоятгарон: 3. Ҳоҷӣ Абдуманон («Эсхата»), 8. Ҷовидон Хушвахтов («Барқчӣ»), 9. Билол Бобоев («Барқчӣ»), 10. Абубакр Сулаймонов («Барқчӣ»), 11. Аҳмадҷони Абдусаттори («Барқчӣ»), 14. Меҳрубон Ҳамидов («Барқчӣ»), 17. Шерзод Қаҳҳоров («Барқчӣ»), 20. Юнус Исматуллоев («Барқчӣ»). 

Ҳамлагарон: 7. Масрур Ғафуров («Барқчӣ»), 13. Раббонӣ Камолов («Барқчӣ»), 18.  Ориёнмеҳри Нуриддин («Барқчӣ»), 19.  Муҳаммадҷони Тоҳир («Барқчӣ»), 22. Ҳабибҷон Ҳамитов («Барқчӣ»).

Ситоди мураббиён: Салоҳиддин Ғафуров – роҳбари ҳайат, Азизҷон Достиев – менеҷер, Раҳматулло Фузайлов – сармураббӣ, Юсуф Рабиев – ёвари сармураббӣ, Камолҷон Ортиқов – мураббӣ, Асатулло Норов – мураббии дарвозабонҳо, Фаррух Марофиев – мураббӣ-таҳлилгар, Саидмаҳмад Ниёззода – духтур, Ҳабибулло Доров – масҳгар, Зуҳуршо Назаров – маъмур, Бобоҷон Холмуродзода – котиби матбуотии даста.

Назари худро бинависед