Ҷоми “Истиқлол”: нимфиналистон маълум шуданд – Федерация Футбола Таджикистана

Ҷоми “Истиқлол”: нимфиналистон маълум шуданд

Дар сеюмин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футболи хурд барои дарёфти Ҷоми бошгоҳи футболи “Истиқлол”, ки 70 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ дорад, бозиҳои марҳилаи чорякниҳоӣ баргузор шуда, дастаҳои нимфиналист маълум шуданд.

Чемпиони феълии Ҷоми “Истиқлол” дастаи Федератсияи футболи Тоҷикистон дар бозии чорякфиналӣ дастаи “Бухоро”-ро бо ҳисоби 4 бар 2 мағлуб сохт. Акнун дар бозии нимфиналӣ ФФТ бо “Антикорупсия” рақобат мекунад. “Антикорупсия” дар 1/4 финал бар Федератсияи футболи шаҳри Душанбе бо ҳисоби 4 бар 3 пирӯз шуд.

Дар бозии дигари полуфиналӣ “Истиқлол” бо “Ориёнбонк” рӯбарӯ мешавад. “Истиқлол” дар чорякфинали мусобиқа бар “Динамо” бо ҳисоби 8 бар 5 ва “Ориёнбонк” бар “Казкомбонк” бо ҳисоби минималии 1 бар 0 дастболо шуданд.

Бозиҳои нимфиналӣ рӯзи чоршанбеи 2 сентябр баргузор мешаванд. Дар ин рӯз соати 18.00 ФФТ бо “Антикорупсия” ва соати 19.00 “Истиқлол” бо “Ориёнбонк” рақобат хоҳанд кард.

Ёдрас мешавем, ки мукофотпулии сеюмин Ҷоми бошгоҳи футболи “Истиқлол” 70 ҳазор сомониро ташкил мекунад. Ғолиби мусобиқа бо Ҷом ва 40 ҳазор сомонӣ, финалист бо 20 ҳазор сомонӣ ва ҷоизадори медалҳои биринҷии мусобиқа бо 10 ҳазор сомонӣ мукофотонида мешаванд.Сеюмин сабқати ҷумҳуриявӣ барои дарёфти Ҷоми бошгоҳи футболи “Истиқлол” 5 сентябр ҷамъбаст мегардад.

 

Ҷоми бошгоҳи футболи «Истиқлол» оиди футболи хурд

Бозиҳои чорякфиналӣ

ФФТ — «Бухоро» — 4:2

«Динамо» — «Истиқлол» — 5:8

«Антикоррупсия» — ФФД — 4:3

«Ориёнбонк» — «Казкоммертсбонк» — 1:0

 

Бозиҳои нимфиналӣ

2 сентябр (чоршанбе)

ФФТ – «Антикоррупсия» — 18:00

«Истиқлол» — «Ориёнбонк» — 19:00

 

5 сентябр (суббота)

Бозӣ барои ҷои сеюм — 18:00

Финал — 19:00

Добавить комментарий