Нимҳимоятгари 18-солаи тими миллии Тоҷикистон Хусрав Тоиров бо бошгоҳи «Шахтёр»-и Донетски Украина қарордоди ҳамкории панҷсола имзо кард.
Хусрав Тоиров қаблан дар дастаи «Атирау»-и Қазоқистон ҳунарнамоӣ мекард, ки дар мавсими гузаштаи чемпионати Қазоқистон дар ҳайати он 10 бозӣ анҷом додааст. Ҳамзамон Тоиров дар бошгоҳҳои «Локомотив-Помир» ва «Динамо»-и Душанбе бозӣ намудааст.
Бошгоҳи нави Хусрав Тоиров, «Шахтёр»-и Донетск пас аз 14 даври лигаи олии Украина дар ҷойи дуюм қарор дорад ва аз дастаи «Днепр» ҳамагӣ ду имтиёз камтар дорад.