Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) аввалин ғалабаи худро дар машқҳои дастаҷамъии Туркия ба даст овард – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) аввалин ғалабаи худро дар машқҳои дастаҷамъии Туркия ба даст овард

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар ҷамъомади таълимиву тамринии Туркия аввалин пирӯзии худро ба даст овард.

Имрӯз, 6-уми феврал ҷавонони мо таҳти роҳбарии мутахассиси беларусӣ Олег Кубарев бо тими ҷавонони Озарбойҷон бозии санҷишӣ анҷом дод. Вохӯрӣ дар маҷмааи варзишии «Корнелия»-и Белек баргузор шуда, бо пирӯзии тими миллии Тоҷикистон – 2:1 анҷом ёфт. Аз ҳайати дастаи мо легионерҳо Салам Ашӯрмамадов ва Алиҷони Айнӣ гол заданд. Пеш аз оғози бозии дӯстона дастаҳо ба хотираи қурбониёни заминларзаҳо дар Туркия ва Сурия дақиқаи хомӯширо риоя карданд.

Барои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) вохӯрӣ бо дастаи Озарбойҷон чаҳорумин рақобат дар ҷамъомади тамринии Анталия ба ҳисоб меравад. Қаблан ҷавонони мо бо ҳамсолони худ аз Ироқ (0:0), бошгоҳи ЛКС-и Лаҳистон (1:1), бошгоҳи «Бухоро» (1:3) низ вохӯрда буданд.

 

Бозии санҷишӣ

ТОҶИКИСТОН (U-20) – Озарбойҷон (U-20) – 2:1

Голҳои Тоҷикистон: Салам Ашӯрмамадов, Алиҷони Айнӣ.

Дастаи ҷавонони Тоҷикистон (ҳайати асосӣ): Суҳробхӯҷа Юсупов, Содиқҷон Қурбонов, Раҳматшо Раҳматзода, Фахриддин Аҳтамов, Шаҳриёри Иноятулло, Азизбек Ҳаитов, Салоҳиддин Иргашев, Амадонӣ Камолов, Хусрав Тоиров, Фатхулло Олимзода, Сунатулло Азизов.

6 феврал. Белек, Туркия. Маҷмааи варзишии «Корнелия».

Назари худро бинависед