Ҳайати мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) имрӯз тариқи хатсайри Маскав барои ширкат дар мусобиқаи анъанавии «Ҷоми рушд-2023» ба Минск сафар намуд.
Сармураббии мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) Раҳматулло Фузайлов бо худ 20 бозигар – 2 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагарро бурд. Дар «Ҷоми рушд-2023», ки аз 5 то 11 феврал дар шаҳри Минск баргузор мешавад, ҳашт даста ширкат мекунад.
Дастаи Тоҷикистон (U-17) дар гурӯҳи «В» бо мунтахабҳои Русия (U-17), Эрон (U-17) ва Беларус (U-16) рақобат мекунад. Дар чаҳоргонаи «А» дастаҳои Беларус (U-17), Қазоқистон (U-17), Ӯзбекистон (U-16) ва Русия (U-16) нерӯ месанҷанд.
Наврасони мо бозии якуми худро дар ин мусобиқа пагоҳ, 5-уми феврал бо дастаи Русия анҷом медиҳанд. Вохӯрӣ соати 14:50 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.
Бар асоси низомнома дар марҳилаи гурӯҳӣ дастаҳо аз рӯи системаи даврӣ дар як марҳила бозӣ мекунанд. Сипас, ғолибони гурӯҳҳо дар финал вомехӯранд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойи дуюмро мегиранд, барои медалҳои биринҷӣ мубориза мебаранд. Инчунин барои ҷойҳои 5-6 ва 7-8 бозиҳои тасаллобахш баргузор мешаванд.
Барои мунтахаби Тоҷикистон (U-17) ширкат дар мусобиқаи Минск яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 мебошад, ки аз 15 июн то 2 июл дар Тайланд сурат мегирад.
Ҳайати мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) барои ширкат дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2023» дар Минск:
Дарвозабонҳо: Сунатулло Исмоилов («Барқчӣ»), Муҳаммад Абдулҳадов («Панҷшер»);
Ҳимоятгарон: Диловари Ҷамшедзода, Фарҳод Амирӣ, Баракатулло Нигматуллозода, Шеравган Саидов, Қамариддин Ғаффорзода (ҳама аз «Барқчӣ»), Рустам Камолов («Истиқлол»);
Нимҳимоятгарон: Хоҷӣ Абдуманон («Исфара»), Абубакр Сулаймонов, Раббонӣ Камолов, Абубакр Саидов, Билол Бобоев, Меҳрубон Ҳамидов, Муҳаммадҷони Тоҳирӣ (ҳама аз «Барқчӣ»), Ҷовидон Хушвахтов («Равшан», Кӯлоб);
Ҳамлагарон: Беҳрӯз Хуҷаев («Хатлон»), Масрур Ғафуров, Шаҳбон Наимов («Барқчӣ»), Ориёнмеҳри Нуриддин («Истиқлол»).
Сармураббӣ – Раҳматулло Фузайлов
🏆 Тақвими бозиҳои тими наврасони Тоҷикистон (U-17) дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2023»:
⚽️ Даври 1
📅 5 феврал (якшанбе)
🕰 Оғоз – соати 14:50 ба вақти Душанбе
🇷🇺 Русия (U-17) – 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН (U-17)
⚽️ Даври 2
📅 7 феврал (сешанбе)
🕰 Оғоз – соати 17:40 ба вақти Душанбе
🇧🇾 Беларус (U-16) – 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН (U-17)
⚽️ Даври 3
📅 9 феврал (панҷшанбе)
🕰 Оғоз – соати 15:20 ба вақти Душанбе
🇹🇯 ТОҶИКИСТОН (U-17) – 🇮🇷 Эрон (U-17)